Дар доираи маъракаи «Тобистони бехатар дар обҳо» кормандони Раёсати КҲФ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати корҳои дохилии ноҳия оид ба рафтору кирдори бачагон ва наврасон дар назди объектҳои об, расонидани ёрии аввалин ба зарардидагон корҳои таблиғотӣ ба роҳ мондаанд.
Гуфта мешавад, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии кӯдакон дар назди обҳо, махсусан дар давраи таътили тобистона таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.
Дар мавсими шиноварӣ аз ҷониби кормандони КҲФ чорабиниҳои иттилоотию таблиғотӣ, ки ба баланд бардоштани фарҳанги бехатарии ҳаёт ва пешгирии марги кӯдакон дар объектҳои об нигаронида шудаанд, гузаронида мешаванд.
- Мақсад аз баргузории чорабинӣ таблиғи чораҳои бехатарӣ ва фаҳмонидани он аст, ки дар соҳили обҳо бояд чӣ рафторе дошт. Ҳамчунин, мақсад фаҳмонидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ ва расонидани кумакҳои аввалия ба ғарқшудагон аст,- шарҳ медиҳад КҲФ.