Салом хонандагони азиз. Аслан шикоят кардан хоси мард нест, вале нангу номус маро маҷбур кард, ки сири оилавиамонро ба шумо кушода, маслиҳат бипурсам.
Падару модарам барвақт аз ҳам ҷудо шудаанд. Падарам дубора зан гирифта, зиндагии обод дорад. Ӯ гоҳ-гоҳ моро хабаргирӣ меомад, вале модарам дуою бало карда, имконият намедод, ки фарзандонашро бубинад. Билохира рафтуомади беҳосил ба дили падарам зад ва дигар моро суроғ накард. Ман ду хоҳар дорам. Набудани падар ба тарбияи хоҳаронам бе таъсир намонд. Диданд, ки касе пишакашонро пишт намегӯяд, ҳардуяшон телефонбоз шуда, оҳиста-оҳиста аз кӯчаи одамгарӣ баромаданд. Корашон фақат кӯчагардию шабу рӯз бо бачаҳо лаққидан аст. Аз рӯи хоҳаронам дар назди ҷӯраҳоям забонкӯтоҳ шудаам. Борҳо ба сарашон даст бардошта, телефонро аз дасташон кашида гирифтам, вале ҳар дафъа модарам тарафи духтарҳояшро гирифта, маро дашном медод ва ҳатто аз хона пеш мекард. Чандин шабҳоро дар хонаи дӯстонам саҳар кардам. Баъди ду-се рӯз модарам пушаймон шуда боз ба сари ман меомад. Дафъаи охирин дар назди хоҳаронам шарт гузошта гуфтам, ки агар боз як бори дигар бероҳагардӣ кунед, сарамро гирифта аз ҳамин Ватан баромада меравам. Розӣ шуданд, вале як моҳ нагузашта хоҳарамро бо як марди калонсол дар мошин дидам. Тоқатам тоқ шуду дар кӯча дар пеши назари мардум хоҳарамро мурдакӯб кардам. Модарам боз ба байн даромада маро як шаппотии обдор зад ва дағ-дағакунон гуфт, ки корам ба духтарҳои ӯ набошад, духтардор, ки шудам, баъд ба духтари худам кордор шавам. Аз шарм замин накафид, ки дароям.
Хулласи калом, модарам ихтиёри хоҳаронамро ба дасти худашон дода, намемонад, ки пишакашонро ягон кас пишт гӯяд. Пуштибонии модарамро дида, онҳо тамоман аз худ рафтаанд. Кор ба ҷое расидааст, ки хоҳаронам бо баҳонаи зодрӯзу тӯйи дугонаҳояшон ҳатто шабҳо ба хона намеоянд. Модарам парво надорад, ки духтарҳои қадрасаш дар куҷо ва бо кӣ шабҳоро саҳар мекунанд. Ҳафтаи гузашта як дӯстам ба ман сомонаи “Фоҳишаҳои Тоҷикистон”-ро нишон дод. Дар байни духтарҳои беҳаё сурати ду хоҳари худамро низ дида ҳуш аз сарам парид. Суратҳои духтарҳояшро ба модарам нишон дода илтиҷо кардам, ки пеши роҳашонро бигирад, вале дар ҷавоб даст афшонда “духтарҳоямро ба ҳоли худашон гузор. Онҳо ҷавонанд, хунашон дар ҷӯш аст, кордор нашав, боз уксус нӯшида худкушӣ накунанд” гуфт.
Ман мард ҳастам ва тобу тоқати дидани бадномии хоҳаронамро надорам. Ба мисли даюс ин ҳамаро нодида гирифта наметавонам.
Хонандагони азиз! Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, бо модари бепарвофалак ва хоҳарони фоҳишаам чӣ кор кунам?
Ҷасур, ш. Душанбе