Варзишгари ҷавони тоҷик Муҳаммадӣ Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ миёни наврасон ва ҷавонон сазовори медали тилло гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Муҳаммадӣ Раҷабов, дастпарвари мактаби махсуси варзишии шаҳри Душанбе оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об мебошад, ки субҳи имрӯз байни варзишгарнаврасон дар масофаи 1000 метр натиҷаи олӣ нишон дода, ҷойи якумро ишғол намуд.
Бояд гуфт, ки Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ байни ҷавонон ва наврасон дар шаҳри Паттайяи давлати Шоҳигарии Тайланд аз 12-уми июн оғоз гардида, то 16-уми июн идома меёбад.
Дастоварди Муҳаммадӣ Раҷабов аз ин мусобиқа бори нахуст нест, чун мавсуф соли гузашта маҳз дар ҳамин мусобиқа дар масофаи 1000 метр каноэ С-1 медали соҳиби тилло ва дар масофаи 200 метр каноэ С-1 сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.