Arzon march 2024
Ҳақиқати садама ва марги Рафоати Ҷамшед
1799

Дирӯз корбарони интернетро хабари садама ва марги сароянда, ҳунарпеша ва блогери маъруф Рафоати Ҷамшед дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ғамгин кард.

Ин овоза якбора чунон паҳн шуд, ки аксарияти блогерону сарояндагон бо бознашри як наворе, ки дар он майитеро мегӯронанд ва дар қисмати болояш акси сароянда аст, ба хонаводаи ӯ ҳамдардӣ намуда, дар ҳаққаш дуо карданд.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

РАФОАТИ ҶАМШЕД: БА МАРДИ БЕПУЛ МАН ХИЁНАТ МЕКУНАМ!

Бо гузашти ҳамагӣ чанд соати ҳаҷвнигор, блогер ва дӯсти собиқи Рафоат Дӯстмурод Шарипов, маъруф ба тахаллуси Донжуан, бо ӯ тамоси видеоӣ гирифта, дар мавриди маргаш пурсид.

Ба иқрори Рафоат, ӯ айни ҳол дар Русия буда, шоми дирӯз барои дуохонӣ ба назди як домулло рафта, давоми чанд соат телефонаш хомӯш буд.

ҲАМЧУНИН:

РАФОАТИ ҶАМШЕД ФИЛМИ ТАРБИЯВӢ МЕОФАРАД?

 

 

Дирӯз бибиам ва модарам занг заданд. Бибиам сахт тарсидааст. Қанди модарам ҳам баланд шудааст. Бибиам гуфтанд, ки агар ним соати дигар телефонамро намебардоштам, ба рӯи ҳавлӣ баромада, бачамой гуфта, мотам мебардоштааст”,-гуфт ӯ.

Хонаводаи сароянда нақша доранд, ки аз болои нафари паҳнкунандаи ин навор ба мақомот шикоят кунанд. Худи сароянда ҳайрон аст, ки онҳо аз ӯ чӣ мехостанд ва то ҳол далели ин нақшаро намедонад. Нуктаи ҷолиб он аст, ки ин саҳифа аллакай аз инстаграмм, ки манбаи баромади видео он ҷост, пурра ғайб задааст.

Рафоати Ҷамшед, сароянда, ҳунарпеша ва блогердухтари маъруфи тоҷик аст, ки шумораи обуначиёнаш дар инстаграмм наздик ба 360 ҳазор нафар мерасад. Ӯ овони хурдӣ бо падараш сарояндагӣ мекард ва ин ҳунар барои ӯ меросист.

 

РАФОАТИ ҶАМШЕД:ГУНОҲҲОЯМ БИСЁР АСТ, МЕХОҲАМ БА ОБРӮ БИМИРАМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД