arzon replenishment
РАФОАТИ ҶАМШЕД:ГУНОҲҲОЯМ БИСЁР АСТ, МЕХОҲАМ БА ОБРӮ БИМИРАМ
10873


Рафоати Ҷамшед-сароянда, раққоса ва актриссаи ҷавони тоҷик дар сӯҳбат бо Ютуб канали RAHIM PRODUCTION дар посух ба саволи “Агар фаҳмед, ки мемиред, аз чӣ пушаймон мешавед?” чунин посух додааст:

-Сар то пои ман гуноҳ аст. Инро ҳама медонанд, (механдад) фақат аз Худо як хоҳиш дорам, ки бообрӯ аз дунё равам.

Ин гуфтаҳои Рафоати Ҷамшед дар шарҳи видео сару садоҳои гуногунро ба бор овардааст, ки сароянда бо ин ҳарфҳояш ба чӣ ишорат менамуд. Бархе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ Рафоатро ба сидқан тавба кардан талқин намудаанд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ин бонуи ҳунар оиладор шуд. Шавҳари Рафоати Ҷамшед дар синну сол аз худаш хеле бузург аст ва суханони зебосанам дар боби он ки мардҳои калонсол дар ишқу муҳаббат ва оиладорӣ аз ҷавонон беҳтаранд, дар байни ҷавонон норозигиро ба вуҷуд овардааст.
Ногуфта намонад, ки зиндагии Рафоати Ҷамшед чанд ҳафтаи охир ба мавзӯи баҳсу талош дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубаддал гаштааст ва интиқодҳо нисбати ин хонуми ҳунарманд хеле зиёданд, аммо дар навори видеоӣ худи сароянда дар ҷавоб ба саволи блогери канали RAHIM PRODUCTION дар боби таваҷҷӯҳи мардум ба ӯ чунин посух додааст:

-Сабаби таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба банда ва миқдори зиёди тамошобинони ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин зебогии ман аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД