arzon replenishment
Ҳақиқат чӣ тавр рӯи об мебарояд?
579

Духтарамро дар яке аз ноҳияҳои дурдаст ба шавҳар дода будам. Ҳамеша аз занбозию золимии шавҳараш шикоят мекард, вале ба хотири бахт тоқат карданашро талқин менамудам. Ду моҳ пеш нисфишабӣ занг зада, гуфтанд, ки духтарам бемор шудааст. Шабона ба роҳ баромада, қарибиҳои субҳ ба ноҳияашон расидем. Духтарамро дар беморхонаи марказии ноҳия дар дами марг пайдо кардам. Аз бинӣ ва гӯшҳояш хун мерафту беҳушу беёд буд. Се рўз пас ба ҳуш наомада, ҷон дод. Асли воқеаро намедонам. Домод мегўяд, ки гўё духтарам аз мошин афтодааст, вале дар баданаш ягон осори харошидагӣ ё сиёҳу кабудшавӣ аз зарбхӯрӣ набуд, ба ҷуз захми вазнини пушти сар. Ҳамон рўзи воқеа зану шавҳар сахт ҷанҷол шуда буданд. Ба ман мадад расонед, то исбот намоям, ки духтарамро зада куштаанд.

Маърифат, ш. Турсунзода

Шумо бояд бо ин масъала ба прокуратураи ҷои воқеа муроҷиат намоед. Агар боварӣ надошта бошед, ки масъаларо ҳаматарафа месанҷанд, ба прокуратураи зинаи болоӣ, масалан прокуратураи вилоят муроҷиат намоед. Агар бо хулосаи экспертиза розӣ набошед, талаб кунед, ки экскуматсия гузаронида шавад. Боварӣ дорем, ки ҳақиқат рӯйи об мебарояд.

Холида Шомирзоева,

адвокат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД