Arzon march 2024
Агентии обуҳавошиносӣ: Аз 4 то 6-уми январ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад
03.01.2025
ОИЛА.ТҶ
816

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда хабар дод.

Бино иттилои манбаъ, рӯзҳои 4-5-уми январи соли ҷорӣ бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, боришоти барф дар назар буда, 4-уми январ дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) баъзан ҳолатҳо бошиддат меборад. Рӯзҳои 4-6-уми январ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ фаромадани тормеғ ва бадшавии дурии биниш то 500 метр пешгӯӣ мешавад.

- Рӯзҳои 4 то 6-уми январ бо сабаби боришоти барф дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД