Агентии обуҳавошиносии кишвар аз 12 то 14-уми март дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби ВМКБ фаромадани тармаро пешгӯӣ мекунад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои куҳӣ ё мавзеъҳои тармафаро фосилаи байни мошинҳоро риоя карда, эҳтиёткор бошанд.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ эълон мекунад, ки шаҳрвандон дар сурати дучор шудан ба ҳолатҳои нохуш метавонанд бо рақамҳои 2231311, 2219119 ва 938802819 ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.