Arzon march 2024
Агар тифл бе никоҳ ба дунё омада бошад...
08.12.2024
ОИЛА.ТҶ
2939

Ману шавҳарам 15 сол аст, ки бо ҳам зиндагии якҷоя дорем ва шукри Худованд хушбахт ҳастем. Соҳиби се фарзанд мебошем. Вале як масъала дили маро ҳамеша фишор медиҳад. Фарзанди нахустини мо беникоҳ аст.

Воқеа чунин рух дод, ки ману шавҳарам дар Русия донишҷӯ будему ҳамдигарро дӯст медоштем. Иштибоҳи ҷавонӣ, шӯру шавқи ишқ сабаб шуду то тӯй интизор нашуда, якҷоя зистанро оғоз кардем. Беш аз як сол мо никоҳ накарда, чун зану шавҳар зиндагӣ мекардем.

Ҳамин тавр, фарзанди нахустини ман дар батнам пайдо шуд ва дар Москва ба дунё омад. Ба хотири он ки волидайнамон озурда нашаванд, мо гуфтем, ки қаблан никоҳ кардем, вале дар асл баъди таваллуди фарзанд никоҳ кардаем.

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехонам, ки кӯдаки беникоҳ таваллудшуда ба дӯзах меравад. Ҳар гоҳ дар ин маврид фикр мекунам, вуҷудамро даҳшат фаро мегирад. Наход фарзанди ман бо айби мо дӯзахӣ бошад. Ҳазорон бор ба даргоҳи Худованд тавба кардам, вале бо вуҷуди ин, нигарон ҳастам. Хоҳиш мекунам, ки ба ин масъала равшанӣ андозед.

МОҲИРА, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Хоҳари азиз, Худованд гуноҳи шуморо авф кунад, зеро шумо дар ҷавони муртакиби гуноҳе шудед, ки бисёр даҳшатовар аст. Зино яке аз бузургтарин гуноҳҳо дар назди Худованд аст. Дар Сураи Исро (ояти 32) омадааст: "Ба зино наздик машавед. Зино кори зишт ва бадтарин роҳ аст". Паёмбар (с) фармудааст: "Зинокор, ҳангоми зино мӯъмин нест. Шаробнӯш, ҳангоми шаробнӯшӣ мӯъмин нест. Дузд, ҳангоми дуздӣ мӯъмин нест. Ғоратгаре, ки моли боарзишеро ғорат мекунад, дар ҳоле, ки мардум ба ӯ бо чашмонашон нигоҳ мекунанд, ҳангоми ғоратгарӣ мӯъмин нест". (Ривояти Бухорӣ, 2475).

Вале иттифоқе, ки бояд намеафтод, воқеъ шудааст. Шумо тавба кунед ба даргоҳи Худованд. Ҳамсаратон низ бояд тавба кунад.

Акнун дар масъалаи фарзанди шумо. Дар маҷмӯъ дар масъалаи фарзанди валади зино, ки дар байни мардуми мо бо номи “ҳаромӣ” маъмул аст, андешаи фақиҳон ё муфассирон гуногун аст. Баъзеҳо бар он андешаанд, ки онҳо ҷаҳаннамӣ ҳастанд, баъзеи дигар мегӯянд, ки ҳамааш дар дасти Худованд аст ва Парвардигор ҳар муомилае, ки мехоҳад, бо онҳо анҷом медиҳад, чунки дар тавлиди тифли бе никоҳ падару модараш гунаҳкоранд, на фарзанд.

Дар мазҳаби мо гуфта мешавад, ки фарзанди валади зино дӯзахӣ нест, зеро дар иштибоҳи падару модараш ӯ шарик нест. Гуноҳ аз падару модараш аст. Баъдан масъалаи дӯзах ва биҳишт дар дасти Худованд аст ва касе дақиқ намедонад, ки кадом инсон баъди маргаш ба биҳишт мераваду рӯҳи киро Худованд ба азоби дӯзах гирифтор месозад. Қазовати чунин масоил худ гуноҳ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД