35 years of independency
Ҳафтаи намоиши филмҳои хориҷӣ дар доираи синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон”
47

Ҳафтаи намоиши филмҳои хориҷӣ дар доираи синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон”
Аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор гашта, дар доираи ин чорабинӣ рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Узбекистон ва Қирғизистон доир хоҳад гашт.
Тибқи иттилоъи “Тоҷикфилм” барои иштирок дар синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” зиёда аз 100 филми бадеӣ, кӯтоҳмуддат ва муштарак, ки солҳои 2024–2025 офарида шудаанд, пешниҳод гаштааст. Ҳайати ҳакамон беҳтарин филмҳоро барои марҳилаи ниҳоии озмун интихоб менамояд. Зимни арзёбӣ ба маҳорати касбии коргардонӣ, мазмуну муҳтаво, сифати сенария, ҳунари актёрӣ, наворбардорӣ ва дигар ҷанбаҳои эҷодии филмҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» 19 октябри соли 2026, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гашта, ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе барои саҳми муносиб дар рушди кинои тоҷик», «Шоҳҷоиза», «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин наворбардор», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», «Беҳтарин рассом», «Беҳтарин филмнома барои кӯдакон ва наврасон», «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» ва «Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин» муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.
Ин чорабинӣ ба тақвияти робитаҳои фарҳангӣ, ба роҳ мондани ҳамкории эҷодӣ байни синамогарон ва фароҳам овардани замина барои таҳияи филмҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД