arzon replenishment
Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон
22.04.2025
Oila.tj
170

21-уми апрел дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Ҳамгироии илмҳои гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ ва дақиқ дар рушди устувори ҷомеа дар асри рақамӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Бино ба иттилои маъмурияти донишгоҳи мазкур, зимни конфронс иштирокчиён дар бораи дастгирию ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намудаанд.

- Бо назардошти аҳамияти ин масъала барои баланд бардоштани мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Дар ин замина дар муассисаҳои миёна ва олии мамлакат имконот ва захираи калони илмӣ бештар гардида, муҳаққиқон, ихтироъкорон, навоварон ва донишмандони соҳаҳои гуногун дар пешрафт ва рушди илми тоҷик саҳми арзишманд мегузоранд,- меафзояд манбаъ.

Ёдоварӣ мешавад, ки конфронс бахшида ба оғози Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон то 26-уми апрел идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД