tobiston
Ҳафтаи «Ҳаводорони илми афлок» дар шаҳри Хуҷанд
08.08.2025
Oila.tj
41

Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 5 то 10-уми август дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҳафтаи «Ҳаводорони илми афлок» гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар ин рӯзҳо намоиши хиёбонии Моҳ ва сайёраҳо тавассути телескопҳои диҷетолӣ ва рақамӣ ташкил карда мешавад.

Ҳамарӯза соатҳои 21:00 ва 22:00 дар толори осмони ситоразор филмҳои илмӣ низ намоиш дода мешаванд.

Ҳаводорони илми афлок, меҳмонону сокинони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд метавонанд ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ омада, намоиши барномаҳоро ройгон тамошо кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД