Даргириҳои солҳои охири Афғонистон ба сари халқи азияткашидаи ин кишвар, ки беш аз 40-сол боз заҳри талхи ҷангу хунрезиро чашида истодаанд, бадбахтиҳои зиёде оварданд.
Фақру бенавоӣ ба пуррагӣ ин кишварро фаро гирифта, имрӯз ҳар сеюмин нафар аз гуруснагӣ азият мекашад. Иддае аз хонаводаҳои афғон ба хотири дарёфти як пора нон фарзандони кӯчаки худро мефурӯшанд. Бо ҳамин роҳ волидон ҷигарбандонашонро аз марг ва гуруснагӣ наҷот додан мехоҳанд...
Сиддиқаи хурдcол ҳанӯз дарк намекунад, ки сарнавишташро кайҳо ҳал кардаанд. Волидонаш ин духтарчаи хурдсолро ба 2 ҳазор доллар ба марде, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекардааст, фурӯхтаанд.
Падари Сиддиқа мегӯяд, духтараш баъди ба балоғат расидан, бо писари марде, ки ӯро харидааст, издивоҷ мекунад, вале ӯ иқрор мешавад, ки аз ҳоло зиндагии духтар таҳти назорати харидор қарор мегирад. Марде, ки Сиддиқаро харидааст, ҳатто метавонад духтарро ба каси дигар фурӯшад.
“Духтарам ҳанӯз хеле хурд аст, чизеро намефаҳмад, вале акнун дар ихтиёри онҳо аст. Ҳар коре мехоҳанд, метавонанд бикунанд. Мо ин корро аз ноилоҷӣ кардем. Мо намедонем, ки ояндаи ӯ чӣ мешавад.”-мегӯяд падари духтарфурӯш.
Сиддиқа ягона кӯдаки афғон нест, ки чунин сарнавишти талх насибаш гаштааст, имрӯзҳо аксари духтаракони то 10-соларо дар як урдугоҳ волидонашон ба мардони калонсол мефурӯшанд. Тавре ки радиои “Озодӣ” мегӯяд, иддае аз падару модарон интизори пайдо шудани харидоранд.
Ин суол, ки чаро духтарони хурдсоли худро мефурӯшед, баъзе аз волидонро ба хашм меорад.
Марде бо номи Абдулазиз дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтааст:
“Мо ба кӯдакон дорӯи хоб медиҳем, зеро аз гуруснагӣ гиря мекунанд, хӯрок мепурсанд. Мо як замон зиндагии хубе доштем, сарватманд будем, баъд хушксолӣ омад. Ҷавонони моро куштанд. Мо аз вилояти Форёб гурехта ба Ҳирот омадем. Аз замони ба сари қудрат омадани ҳукумати нав, Худо шоҳид аст, ки як халта гандум то 25 доллар боло рафт. Аз куҷо онро мехарем? Се сол боз чунин аҳвол дорем."
Падару модарон мегӯянд, ба хотири наҷоти кӯдакони худ аз гуруснагӣ ва марг маҷбурандяке аз духтарони худро бар ивази пул ба каси дигар бидиҳанд.
Ҷанг ва хушксолии давомдор дар Афғонистон зиндагии мардумро дар ин кишвар ниҳоят сахту сангин гардонидааст. Иқтисоди Афғонистон ҳамеша аз сармоягузории хориҷӣ вобаста буд, вале баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар ин кишвар ёриҳои молии созмонҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон қатъ шуд. Акнун волидон маҷбуранд, ки фарзандонашонро ба мисли чорпоён ба фурӯш гузоранд ва мегӯянд роҳи дигаре ҷуз ин надоранд. Ҳоли мардуми афғон минбаъд чӣ мешавад, суолест, ки аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавоб мехоҳад...