Бар асари гурӯснагӣ 8 кӯдаки авғон ба ҳалокат расиданд, хабар додааст, Муҳаммад Муҳақиқ, раҳбари ҷамоати Ҳазораҳо ва дар марги онҳо ҳукумати "Толибон"-ро масъул хонд.
Ин намояндаи ҷамъият изҳор дошт, ки "Толибон” наметавонанд мардумро ба дастрасӣ ба ғизо таъмин намоянд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки пеши роҳи гурӯснагӣ дар Афғонистонро бигиранд.
Тавре ӯ хабар додааст, ин 8 кӯдаки фавтида, аз як хонаводаи камбағал, ки аввал падарашон бо сабаби бемории саратони мағзи сар даргузашта буд ва баъдан модарашон дунёро тарк кард, буданд. Ин кудакони маъсумро ҳамсоягон нигоҳубин мекарданд, ки худ зиндагии фақирона доштанд.
Муҳаммад Муҳақиқ, раҳбари ҷамоати Ҳазораҳо, гуфтааст, ҳарчанд "Толибон" аз фавти ин тифлакони ноболиғ хабар доранд, вале парвое надоранд.
Ин масъаларо қаблан пешгӯи карда буданд, ки Афғонистонро гурӯснагии шадид таҳдид мекунад. Ин дар ҳолест, ки Дэвид Базли, директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ иттиллоъ додааст, ки гуруснагӣ ба сабаби бӯҳронест, ки пас аз ишғоли қудрат дар кишвар аз ҷониби ҷунбиши радикалии Толибон (созмоне, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст) оғоз шуд, ба 14 миллион нафар дар Афғонистон таҳдид мекунад.