Sebiston new 2024 october
Афандӣ ба ганҷинаи ЮНЕСКО дохил мешавад?
656


Қаҳрамони машҳури латифаҳои халкии тоҷик Ҳоҷа Насриддин Афандӣ шӯҳрати оламшумул пайо намуда, акнун шанси ба рӯйхати мероси ғайри моддии ЮНЕСКО дохил шуданро ба даст овардааст.

Дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш ба кори худ оғоз намуд, намояндагони Тоҷикистон низ ширкат варзида, пешниҳодҳои мушаххаси худро ба ин кумита арза карданд.
Қобили зикр аст, ки ҳайъати ҷумҳурии моро дар ин иҷлосия дабири масъули комиссияи миллии ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон роҳбарӣ мекунад ва тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, дар нишасти Работ номинатсияҳои муштараки Тоҷикистон, аз ҷумла:
1. "Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ",
2. "Ҷашни Меҳргон",
3. "Ҳунари кашидадӯзӣ дар Осиёи Марказӣ",
4. "Санъати сохт ва ҳунари рубобнавозӣ"
5. "Анъанаи нақли латифаҳо дар бораи Хоҷа Насриддин Афандӣ" пешниҳод гашта, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Маълум нест, ки Тоҷикистон ҳамроҳи кадом кишварҳо мехоҳад ин номинатсияҳоро ба рӯйхатти мероси ғайримоддии ЮНЕСКО пешбарӣ намояд, вале соли 2020, ҳангоми бори аввал пешбарӣ кардани латифаҳо дар бораи Хоҷа Насриддин Афандӣ ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО Тоҷикистонро дар ин ташаббус чанд кишвари дигар, аз ҷумла Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Туркия дастгирӣ намуда буданд.

Латифаҳои намакин дар бораи Хоҷа Насриддин Афандӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Эрон, Туркия ва ҳатто дар баъзе кишварҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин ва нимҷазираи Балкан хеле маъруф ва машҳуранд. Умедворем, ки ин пешниҳод пазироӣ шуда, Афандӣ ба рӯйхати мероси фарҳангии олам ворид карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД