Беморхонаи ноҳиявӣ. Мӯйсафеди Аҳтам оҳиста- оҳиста, бо алам нолиш мекард. Чавонмарде, ки Рашид ном дошт, бо ӯ дар як утоқ бистарӣ буд ва тез-тез аз ҳолаш хабар мегирифт.
Ин дафъа низ болои сари мӯйсафед:
-Падарҷон, ягон хоҳиш дошта бошед, гӯед. Ё духтурро даъват кунам,-гуфта, ба роҳрав баромада:
-Хоҳари шафқат, хоҳиш мекунам, утоқи мо биёед,-гуфта, боз болои сари мӯйсафед хам шуд.
- Чӣ шуд?-гуфта, духтараки харобаки қадбаланд, ки хилъати сафед хеле зебаш медод, давида даромад.
- Духтарам, хунук хӯрдам, аъзои баданам ларзида истодааст,-бо овози хеле пасту ларзон, гуфт мӯйсафед.
Ҳамшира таби мӯйсафедро санҷида, давида ба роҳрав баромада, ба духтури навбатдор:
- Духтур, таби бемори утоқи панҷ 39 шудааст, чӣ кор кунам, сӯзандору гузаронам ё ҳаб диҳам?-гуфта пурсид.
Духтури навбатдор Пӯлод Ватанов тез ба утоқи панҷ даромада, фишори мӯйсафедро муоина карда, ба ҳамшира супоришҳо дод.
Ҳамшираи шафқат, ки Меҳрӣ ном дошт, дар асл мегӯӣ пур аз меҳр бошад.
- Падарҷон, ҳозир сӯзандору мегузаронам, ҳам табатон паст мешавад, ҳам фишоратон. Баъд оромакак хоб мекунед,- гуфта, аз паи иҷрои супоришҳои духтур шуд.
Бобои Аҳтам базӯр:
- Раҳмат, духтарам,- гуфта, чашмонашро пӯшид.
Ба ҳоли мӯйсафед дили Рашид сӯхт. Охир рӯзи чорум аст, ки бо ӯ дар як утоқ бистарианд, касе аз ҳолаш хабар нагирифтааст. Ба саволҳояш «Зану фарзанд доред? Чаро касе аз аҳволатон хабар намегирад?» мӯйсафед оҳи чуқур кашида, ҷисми лоғари худро базӯр ҷунбонда, рӯяшро тарафи девор карда, паст-паст нолиш мекард. Он шаб низ бо оҳу воҳи мӯйсафед рӯз шуд. То рафт саломатии бобои Аҳтам бад мешуду беҳ не.
Пагоҳӣ назди Рашид ҳамсараш омада, тез дар ду коса гардсӯз кашида ба мӯйсафед:
-Падарҷон, гардсӯзи гармакак овардам, гарм-гарм дам кашед, иншооллоҳ сиҳат шуда мехезед,- гуфту косаро болои мизи назди мӯйсафед монда, назди шавҳараш омада:
-Дадеш, ҷои истироҳататонро ёфтед, бас будагист, дар беморхона хоб рафтан. Бачаҳо ёд карданд шуморо.
-Занак, росташро гӯй, бачаҳо ёд карданд, ё очаҷонашон?- гуфта, ҳар ду хандиданд.
Мӯйсафед аз хандаи онҳо нороҳат шудагӣ барин, болои кат ҷунбида сахт сулфа кард.
-Падарҷон, келинатон гардсӯз овардааст, хезед, ман ба шумо ёрӣ расонам,-гуфта, Рашид назди бобои Аҳтам ҳозир шуд.
-Не, намехоҳам, ман сер,- гуфта, боз рӯяшро тарафи девор гардонд.
Рашид косаи пури гардобро дам кашида:
-Биё, очеш ба берун бароем, аз ҳавои тоза нафас кашида, ман туро гусел кунам,- гуфта ҳар ду аз утоқ баромаданд.
Бӯи гардсӯз ба машоми мӯйсафед хуш омад. Ӯ аз ҷой хеста, бо дастони ларзон косаро ба даҳон наздик бурд. Якчанд бор дам кашид. Дасташ монда шуд. Аз тарси он, ки аз дасташ коса наафтад, онро рӯи миз гузошт. Баъди чанде боз аз коса каме гардсӯз хӯрда, болои кат дароз кашид. Чароҳои зиёд майнаи сарашро ба дард овард. Саҳифаҳои зиндагиашро варақгардон кард. Дар куҷо хато карда бошад? Чаро имрӯз ба ин ҳол афтод? Зиндагиаш мисли фитаи кино аз пеши назараш гузашт.
Баъди хатми донишкадаи олӣ ба зодгоҳаш баргашта, бо розигии падару модар оиладор шуд. Соҳиби шаш фарзанд-чор писару ду духтар шуд. Зиндагии хушу хуррам дошт. Дар яке аз корхонаҳои ноҳия роҳбар таъин шуд. Котибаашро дӯст дошт. Пинҳонӣ ишқварзӣ карда, ӯро ҳомиладор кард. Оғози нохӯшию хархашаҳо сар шуд. Котиба «назди калоншавандаҳои ноҳия рафта, шармандаат мекунам, маро ба занӣ мегирӣ ё аз вазифа мепарӣ »-гуфта ӯро тарсонд.
Аҳтам вазифа гуфта, аз баҳри зану фарзанд гузашт. Бо котибааш оила бунёд кард ва соҳиби се писари дигар шуд. Қариб ҳар ҳафта ӯро ба мактаб даъват карда, аз ҷангу ҷидоли фарзандони зани якум ва дуюм огоҳаш мекарданд. Чор писар аз зани якум ва се писар аз зани дуюм ба якдигар душман шуда буданд. Кор ба ҷое расид, ки бачаҳоро ба қайди милиса монданд. Обрӯи Аҳтам дар ноҳия рехт, аз вазифа сабукдӯш шуд. Саргардонӣ ва мушкилиҳои зиндагӣ паи ҳам ба сараш омадан гирифт. Саломатиашро аз даст дод. Зани дуюм, ки ҷавон буд, дигар ба ман ту барин марди пири касалманд лозим нест,-гуфта рӯи хушаш намедод.
-Падарҷон, имрӯз ба фикрам каме вақтатон хуш аст,-гуфта Рашид аз берун омада, мӯйсафедро дилбардорӣ карда, дар як тақсимча ду дона себу як нокро болои мизи бобои Аҳтам монд.
Фикрҳои бобои Аҳтам парешон шуд. «Ин қадар ҷавонмарди меҳрубон. Чор рӯз боз бо ман овора, раҳмат ба падараш» аз дил гузаронд мӯйсафед. Ман ҳам ҳафт писар дорам. Канӣ онҳо? Чаро имрӯз болои бистари ман нестанд? Чаро ягонтаи онҳо маълумот нагирифт? Худ ба худ савол медоду ҷавобашро наёфта, дарди сараш зиёдтар мешуд.
Ба ёдаш омад. Зани якум ба утоқи кориаш омада, хоҳиш карда буд. «Ман розӣ, ба ман аҳмият надеҳ, лекин барои бачаҳо насиҳати падар лозим. Онҳоро зери қанотат гир. Дар мактаб хуб намехонанд, рӯзи дароз корашон оворагардӣ. Ӯ аз ҷой хеста, занашро аз утоқи кориаш пеш карда «Аз худат ҳам безорам, аз бачаҳои бесаводат ҳам» гуфта буд.
-Ассалому алайкум,- гуфта зани тахминан 50-55-сола ба утоқи онҳо даромада:-Воҳ, акаҷонам, чӣ шуд ба шумо?-гуфта болои сари мӯйсафед хам шуда, аз пешониаш бӯсид.
Бобои Аҳтам базӯр чашмонашро кушода, хоҳараш Холидаро шинохт.
-Хоҳарҷон, саргардон шуда, аз деҳа омадӣ?-гуфт.
-Акаҷон, чӣ хел саргардонӣ, аз рӯзе, ки аз хонаи мо омадӣ, ҳар шаб падару модарамро хоб мебинам, ки хавотиранд. «Аз ҳоли акаат хабар гир» гуфта, таъкидам мекунанд. Дина омада будам, хонаи зани калонӣ рафтам, гуфтанд «Мо хабаре надорем, мумкин назди зани ҷавонаш бошад». Хонаи зани дуюм рафтам, ақаллан ба ҳавлиаш намонд, ки дароям гуфт, ки «Дуюм бор ба ин хона қадам намонед».
Мӯйсафед аз нақли хоҳар дар худ печид, нолиши сӯзоне аз қалби пурдард баровард.
- Холида, хоҳиш мекунам, дигар гап назан, сарам дард кард,-гуфта чашмашро пӯшид.
Давом дорад
Беморхонаи ноҳиявӣ. Мӯйсафеди Аҳтам оҳиста- оҳиста, бо алам нолиш мекард. Чавонмарде, ки Рашид ном дошт, бо ӯ дар як утоқ бистарӣ буд ва тез-тез аз ҳолаш хабар мегирифт. Ин дафъа низ болои сари мӯйсафед:

Давом дорад.