arzon replenishment
Ҳаётамро бо марди безурёт гузаронам ё хонаи бахтамро бо дасти худам вайрон кунам?
01.11.2024
ОИЛА.ТҶ
1782

Салом! Ман як ҷавонзани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайронмондаи тоҷик мехоҳам саргузаштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Модар надорам. 10 сола будам, ки модарам аз касалии саратон вафот кард. Падарам соле баъд бевазанеро ба никоҳаш даровард. Моиндарам худаш ду фарзанд дошт ва ману бародарамро чашми дидан надошт. Аз ҷабри моиндар рӯз надоштем, зеро ӯ бо ҳар баҳона моро ба падарам шӯрандозӣ карда, зери мушту лагад мемонд. Оқибат аз дасти ин зани ҷаллод акаам баъди хатми синфи 9 сарашро гирифта ба Русия рафт ва дигар ёди Тоҷикистон накард.

Моиндарам “духтар бори номус аст, тезтар ба шавҳар додан лозим, ки ягон гапу хабар нашавад” гӯён, падарамро ба гап дароварду баъди хатми мактаби миёна маро ба аввалин хостгори аз дар даромада ба шавҳар доданд. Пас аз тӯй фаҳмидам, ки шавҳарам пеш аз ман ду маротиба зан гирифта, соҳиби фарзанд нашудааст. Дуд аз димоғам баромад, вале кор аз кор гузашта буд ва ночор ба тақдир тан додам.

Шавҳарам бар замми зандида буданаш, марди дағали хиёнаткору занбоз аст. Зиндагиамонро 5 сол шуда бошад ҳам, то ба имрӯз боре ҳам аз забонаш як сухани ширин нашунидаам. Дар бадали панҷ сол соҳиби фарзанд нашудем, вале шавҳарам ҳеҷ айбашро ба гардан намегирад. Ӯ то ба ҳол умедашро накандааст, ки рӯзе соҳиби писар мешавад ва ҳар сол аз ман пинҳонӣ як зани дигар мегирад. Ман ҳамаи найрангҳояшро донам ҳам, сир бой намедиҳам. Падарам тору пуди домодашро шунида, аз кори кардааш пушаймон шудааст. Чанд бор шуд, ки барои бурданам меояд. Мегӯяд, ки умратро бо ин марди занбоз ва безурриёт хазон накун, гӯй, ки талоқатро диҳад, як сол нагузашта туро ба ягон марди дигар ба шавҳар медиҳам, вале метарсам, ки дар зери таънаю маломати мардум мемонам.

Дилам намехоҳад боз ба назди моиндаи золимам баргардам, аммо аз тарафи дигар фикр мекунам, ки ояндаи ман бо марди безурриёт чи мешуда бошад.

Илтимос, маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Аз шавҳари занҷаллобам ҷудо шавам ё ҳарчи бодо бод гуфта, умрамро бо марди безурриёт гузаронам?    

М. Г.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД