goodwell
Ҳаёро чанд сомонӣ мефурӯшем?
51

Мо миллате ҳастем, ки барои мо шарму ҳаё як ҷузъи фарҳанг, тарбия ва нангу номуси тоҷикона аст. Дар хонадони тоҷик бисёр масъалаҳои шахсӣ ҳатто миёни наздиктарин одамон бо ишора, бо киноя ва бо эҳтиром гуфта мешуданду мешаванд. На аз он сабаб, ки мо аз ҳақиқат метарсем, балки ҳар чиз ҷой ва тарзи гуфтани худро дорад. Аммо имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ манзараҳое пайдо мешаванд, ки инсонро маҷбур мекунанд ба худ бигӯяд: Мо ба куҷо меравем?

Масъалаи саломатии занон, ки табиатан масъалаи нозук ва маҳрамона аст, имрӯз ба воситаи ҷалби муштарӣ ва фурӯши маҳсулоти номаълум табдил ёфтааст. Дар “реклама”-ҳои шабакаҳои иҷтимоӣ суханҳоеро мехонем, ки қаблан ҳатто дар муҳити маҳрамонаи хонадон бо эҳтиёт гуфта мешуданд, аммо имрӯз бе ягон шарм дар назди ҳазорон нафар намоиш медиҳанд.

Инро мо дигар “реклама” гуфта наметавонем. Ин тағйир ёфтани меъёри шарм аст. Имрӯз як нафар барои чанд сомонӣ ё чанд фармоиш омода мешавад, ки ҳар сухани маҳрамонаро ба бозори омма бикашад. Вақте хурдсолон ё шояд фарзандони мо чунин таблиғотро пай дар пай дар маҳзари ом мушоҳида мекунанд, дигар онро чизи муқаррарӣ мепиндоранд.

Мо тоҷикон аз қадим як сухани аҷаб зебое дорем: «Ҳаё зеби инсон аст».

Ҳаё маънои онро надорад, ки дар бораи мушкилоти саломатӣ хомӯш бошем. Агар зан мушкили тиббӣ дошта бошад, бояд ба духтур муроҷиат кунад, ташхис шавад ва табобати дуруст гирад. Аммо саломатиро метавон бо эҳтиром шарҳ дод, бе он ки шарму ҳаёи ҷомеаро ба воситаи фурӯши мол поймол кунем.

Дарднок аст, вақте шабакаҳои иҷтимоиро мо дигар майдони муошират намебинем, як бозори бузурги таблиғот низ шудаанд.

Дирӯз чашмам ба яке аз чунин намунаҳои рекламаҳое бархӯрд, ки бо истифода аз ибораҳои нозуку шармовар маҳсулоти номаълумро барои занон пешниҳод мекунанд. Дар чунин эълонҳо сухан аз “танг кардан”, “хушбӯй намудан” ва дигар ваъдаҳои ба масъалаҳои маҳрамонаи занона алоқаманд меравад.

Барои эътимодноктар нишон додани маҳсулот бошад, аксар вақт "фикру мулоҳизаҳои муштариён" низ истифода мешаванд.

Масъала дар он аст, ки чунин таблиғот ба кадом аудитория мерасад. “Facebook”-ро танҳо калонсолон истифода намебаранд. Наврасон, ҷавонон, донишҷӯён ва ҳатто кӯдакон низ метавонанд чунин маводро бубинанд. Пас, саволи оддӣ: оё ҳар чизе, ки фурӯшанда мехоҳад бифурӯшад, бояд ба ҳар хонадон, ба ҳар телефон ва ба чашми ҳар инсон ворид шавад? Афсӯс...

Маҳсулоте, ки барои истифода дар нуқтаҳои маҳрамонаи занона пешниҳод мешавад, набояд мо аз рӯйи акси зебо, бастабандии ҷолиб ё шарҳи як-ду "муштарӣ" зуд бовар кунем.

Мутахассисони тиббӣ таъкид мекунанд, ки истифодаи воситаҳои хушбӯйкунанда, спрейҳо ва маҳлулҳои махсус барои дохили маҳбал метавонад мувозинати табиии муҳити онро вайрон карда, боиси озурдагӣ ва баъзе сироятҳо гардад.

Ҳатто Коллеҷи амрикоии акушерҳо ва гинекологҳо (ACOG) истифодаи ҳар гуна молу маводи маҳбалӣ ва маҳсулоти хушбӯйкунандаи ин нуқтаҳоро тавсия намедиҳад.

Яъне "хушбӯй будан” ҳатман маънои "солим будан”-ро надорад. Ҳатто бӯи ғайриоддӣ дар баъзе ҳолатҳо метавонад нишонаи мушкили тиббӣ бошад ва роҳи дуруст ин пинҳон кардани он бо моддаи хушбӯйкунанда не, балки муроҷиат ба духтур аст.

 Яке аз хатарҳои ҷиддии чунин рекламаҳо дар он аст, ки фурӯшанда метавонад маҳсулотро бо забони тиббӣ ва ваъдаҳои таъсирбахш пешниҳод кунад. Аммо касе намепурсад, ки ин маҳсулот дар куҷо истеҳсол шудааст? Таркибаш чист? Оё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст? Кӣ иҷозаи фурӯш ва таблиғи онро додааст? Оё бехатарии он тасдиқ шудааст?

Қонунгузории Тоҷикистон рекламаи доруворӣ, маҳсулоти тиббӣ ва дигар маҳсулоти табобатиро бе бақайдгирӣ ё иҷозаи дахлдор маҳдуд мекунад. Барои рекламаи чунин маҳсулот талаботи махсус вуҷуд дорад.

Аз ин рӯ, “дар интернет фурӯхта мешавад” далели бехатар ё қонунӣ будани маҳсулот нест. Шарҳу лайк низ далели илмӣ нест.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бояд масъулият дошта бошанд. Озодии тиҷорат набояд маънои онро дошта бошад, ки ҳар гуна маводи маҳрамона, даъвоҳои тиббии беасос ва маҳсулоти номаълум бе назорат ба ҳазорҳо нафар нишон дода шаванд.

Қонуни Тоҷикистон дар бораи реклама ҳам мафҳуми рекламаи номуносибро дар бар мегирад - аз ҷумла маводе, ки метавонад истифодабарандаро ба иштибоҳ андозад ё ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ ва ахлоқӣ таҳдид кунад.

Имрӯз шукр, ки пешрафту рушди тибби мо низ чашмрасанд. Аз ин рӯ, зан набояд аз муроҷиат ба духтур шарм кунад. Ва агар касе воқеан дар масъалаи саломатии маҳрамонаи худ мушкил дошта бошад, роҳи дуруст на ҷустуҷӯи «муъҷиза» дар рекламаҳои Фейсбук, балки муроҷиат ба духтури занона (гинеколог) ва гирифтани маслиҳати касбӣ мебошад.

Бигзор фурӯшанда молашро фурӯшад, аммо номуси мардумро ба мол табдил надиҳад. Бигзор интернет озод бошад, аммо озодии интернет маънои озодии беҳаёӣ нест охир. Бигзор соҳибкор пул кор кунад, аммо на аз ҳисоби заиф кардани фарҳанги ахлоқии ҷомеа. Ва бигзор зан дар бораи саломатии худ ҳаргиз шарм накунад, аммо ҳеҷ кас ҳақ надорад шарми занро ба воситаи фурӯши маҳсулоти худ ба тиҷорат табдил диҳад. Қонунгузории Тоҷикистон низ рекламаи номуносибро, аз ҷумла рекламаи беодобонаро, маҳдуд мекунад ва ба ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои ахлоқӣ ва шаъну шарафи инсон аҳамият медиҳад.

Сухан танҳо дар бораи як шиша, як маҳлул ё як саҳифаи "Facebook" нест. Сухан дар бораи он аст, ки мо ба фарзандони худ чӣ гуна муҳити ахлоқиро ба мерос мегузорем. Зеро ҷомеа вақте тағйир меёбад, ки чизҳои ношоиста дигар ношоиста ҳисобида намешаванд.

Имрӯз агар ба чунин реклама ханда кунему бигзарем, фардо ба чизе мерасем, ки имрӯз ҳатто тасаввурашро ҳам карда наметавонем.

Шарму ҳаё душмани тиҷорат нест, аммо пул набояд аз шарм болотар гузошта шавад.

Нангу номусро арзон накунед!

Қурбон АҲМАДЗОДА, журналист

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД