Ман сарватманд нестам, вале зиндагии поку ҳалол дорам, шукри Худои бузург. Бо омад-омади Рамазон ҷону диламро хушҳолии беинтиҳо фаро мегирад, зеро маҳз дар ҳамин моҳ ман аз ботлоқи мурдоре берун шудам, ки на ҳар кас пас аз олуда шудан дар ин ифлосиҳо онро так карда метавонад….
Ва оқибат қурбонии нафси бади хеш мегардад…
Ятимак
Ману апаам аз модар хеле хурд ятим мондем, модарам гирифтори бемории сил будаасту дар бисту ҳаштсолагӣ ин дунёро падруд гуфтааст. Апаамро холаам гирифта, ба зодгоҳи модарам деҳаи дурдасти кӯҳистон бурдаасту ман бо падарам мондам. Аввалҳо холаам ба хабаргирии ман меомад, маро гоҳ-гоҳе ба хонааш мебурд, вале оҳиста-оҳиста зани падарам аз ин омаду рафтҳо худашро норизо нишон доду дигар пою қадами холаам аз даргоҳи мо канд. Аз нақлҳои аммаам ҳамин қадар медонистам, ки модарам аз хешҳои дури онҳо будаасту бибии модариям, ки ду духтарашро танҳо ба воя мерасонидааст, ба хотири канда нашудани риштаи хешу таборӣ розӣ шудааст то духтарашро ба падарам диҳад. Моиндарам зани бадҷаҳле буд, ман дар ҳузури ӯ ягон бор дар бораи апаам даҳон намекушодам, падарам низ аз вай метарсид. Ин зани бераҳму бемаънӣ пайи ҳам ду писар таваллуд карда, падарамро бебанд баста монд, ман дояи додараконам будам. Ба дугонаҳоям, ки бо ҳамдигар дар сари кӯча нишаста сӯҳбат мекарданду ба сайру тамошо мерафтанд, бо ҳавас менигаристам. Кори ман хӯрок додан, шустушӯю нигоҳубини ду кӯдак буд. Худо накунаду ба пойи ягонтояш хор халад, модарандарам маро мурданак мушткорӣ мекард, куртаам то дарида тика-тика нашавад, ӯ бароям куртаи нав намехарид. Дар иду аём барои кӯдакон либоси нав харанд, ӯ барои додаронам мехарид, барои ман бошад ҳиммат кунад, ягон куртаи кӯҳнаи худашро канда, каҷу килеб духта медод. Агар ягон одами хайрхоҳ кӯҳнаи духтаронашро ба ман доданӣ шавад, бо вай рӯканию мӯканӣ мекард, ки ман гушнаву ташна нестам ва ба кӯҳнаҳои шумо эҳтиёҷ надорем. Дар ҳаёти ман кӯдакӣ набуд, ман аз шашсолагӣ аз рӯзе, ки падарам зан гирифт, ба духтари калони хона табдил ёфтам.
Падарам…
Падарам пинҳон аз моиндарам аз кисааш қандаке бароварда медодам, агар ба молбонӣ ё алафдаравӣ равад, Насиба ба ман ёрдам медиҳад гӯён, маро ҳамроҳаш мебурд то як дамаке аз дамхасаи рӯзгор дур бошам. Ширинтарин лаҳзаҳои умрам замоне буд, ки ҳамроҳи падарам танҳо мемондем дар кӯҳу ёла ва ӯ ба ман дар бораи модарам нақл мекард. Ҳис мекардам, ки овози падарам меларзад, ӯ дарзаҳои алафро тал мечиду барои ман «бошишгоҳ» месохт, ман дар ин хаймаи алафин худро шоҳдухтар эҳсос мекардам. Ба наздам обу нон, ширинӣ мегузошту худаш ҳама корро ба анҷом мерасонид. Насиҳатам мекард, ки “ба гапи модарандарат гӯш намо, то азобат надиҳад, додараконат фардо калон шаванд, дастгиру мададгорат мешаванд”, дунёи ману падарам дунёи дигар буд. Падарам рост мегуфт, додарони калониям Акбару Акмал акнун пуштибонам буданду агар модарашон ба сарам дод занад, ӯро мегуфтанд, ки Насибаро ҳеҷ чиз нагӯ… Ман низ додараконамро дӯст медоштам, ба хотири падарам ҳеҷ гоҳ модарандараморо ҳам бад намегуфтам, намехостам рӯзгори бе ин ҳам вазнини ӯро вазнинтар кунам. Дар зиндагӣ ягона такягоҳу пушту паноҳам падарам буд, ҳарчанд ки дар пеши занаш инро нишон намедод, вале дар танҳоӣ дӯстдориям мекард. Аммо Худованд ин хушбахтиро низ аз ман гирифт, падарам бемории зардпарвин шуду ин касал ӯро ба домани хок кашонид. Нав чордаҳ сол доштам, ки ба рӯйи доғи бемодариям вафоти падарам намаки судда рехт. Шабу рӯз месӯхтам, мегиристаму мегиристам….
Баъди марги падарам модарандарам дағалтару асабонитар шуда буд, гӯё маътали мактабро хатм кардани ман бошад, имрӯз синфи нӯҳро хатм кардаму рӯзи дигар ба хостгории яке аз хешовандонаш розигӣ дод.
Арӯси лучак
Ростӣ намедонам, ки хонаводаи домод чӣ оварданду чӣ не, модарандарам бо ду кӯрпаю курпачаи аз модарам мерос монда ва се чор ҷуфт куртаҳои арзонбаҳо маро ба хонаи бахтам гусел кард. Шавҳарам ҷавони зардинаи қоматбаланди камгап, маро озор намедод, вале аз дасти хушдоманаму ду духтараш рӯзам сиёҳ буд. Онҳо маро арӯси лучак лақаб додаву шабу рӯз мисли каниз кор мефармуданд, хушдоманам бо духтаронаш дар бозор сабзӣ реза карда мефурӯхтанд. Шавҳарам бошад, муаллим буд, хонаи онҳо дар маркази ноҳия буд ва онҳо худашонро шаҳрӣ маро бошад “қиш” меномиданд. Сарам хам ба рӯйи касе нигоҳ намекардам, чунки аз тифлӣ одат карда будам ба азобу хушунату маҳрумиятҳо…
Давом дорад.