Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Акбарҷон Исмоилов, муовини раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон ва роҳбари Ҷамъияти тоҷикони ин кишвар, ордени “Эл бирлиги” (“Ваҳдати халқ”)-ро тақдим кард.
Он орден рӯзи 24-уми октябр дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар арафаи ҷашни миллии Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Акбарҷон Исмоилов супорида шуд.
“Акбарҷон Исмоилов барои хидматҳояш дар таҳкими ваҳдати халқ, таъмини ваҳдати ҷамъиятӣ, ваҳдати миллӣ ва корҳо фаъоли ҷамъиятиву хайриявӣ бо ордени “Эл бирлиги” сарфароз шуд”, - навишта шудааст дар матни табрикии ҷоиза.
Бояд, ки ордени “Эл бирлиги” барои хидматҳои шоиста дар назди кишвару миллат сарфароз мегардад.
Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар Қазоқистон ба дунё омадааст, аммо ӯ тоҷиктабор мебошад. Ӯ ҳоло роҳбари Ҷамътияти тоҷикон ва ва муовини раиси Анҷумани халқҳои Қазоқистон аст.