Sebiston new 2024 october
ҲАДИСАИ МАКОРА БАЧАҲОЯМРО САҒЕРА КАРДАНИСТ
03.10.2020
Р. Азимӣ
3579

Зани бародари шавҳарам Ҳадиса ном дорад, вале Ҳадиса не, ҳодисаи таппа тайёр аст. Аз рӯзе, ки ӯ ба хонаи хусуру хушдоманам келин шуда омадааст, мо рӯзи хушро дигар надидем.

Барои дар назари хушдоманам ширин тофтан чунон корҳое мекунад, ки ба ақли одамӣ рост намеояд. Намедонам ин аҷуза ба гӯши хушдоманам чи дурӯғҳо гуфтааст, ки кампир дигар маро чашми дидан надорад. Доим дуои бадам мекунад. Рӯзе косаи сабрам лабрез гашта пурсидам, ки барои кадом гуноҳам маро азоб медиҳад, хушдоманам чунон гапҳое зад, ки аз шуниданашон қариб девона мешудам. Авсунам ба кампир гуфтааст, ки ман барои ӯро куштан ба назди ким-кадом ҷодугар рафтаам. Аз шунидани ин гап ҳуш аз сарам парид, чунки то имрӯз аз дари ягон муллою бахшию ҷодугар надаромадаам ва умуман ба чунин корҳо бовар надорам. Танҳо як маротиба писарчаамро ба назди як табиби халқӣ бурда будам, то ҷоғи каҷшудаашро эм кунад.

Аз куҷо медонистам, ки ба дарди писаракам даво ҷуста ба сари худ бало мехарам. Аз гиребони авсунам гирифта, талаб кардам, ки ҷодугар будани маро исбот намояд. Хушдоманам ба ҷойи аниқ намудани ҳаққу ноҳақ маро бо асои дасташ зада, таҳдид намуд, ки келинашро ба ҳоли худ гузорам, вагарна писарашро маҷбур мекунад, ки ҷавоби маро диҳад. Аз ҳамон рӯз инҷониб ману авсунам мисли мушу пишак душмани ҷони якдигар ҳастем. Гулбарг маро чашми дидан надораду ман ӯро, мо сояи ҳамдигарро аз девор метарошем. Намехоҳам бо айби ин маккора зиндагиам вайрон шавад.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, аз шарри авсуни туҳматчӣ худро чӣ гуна муҳофизат намоям?

Фариза, н. Қумсангир

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД