Formula september
Адибони ҷавон бо ҷоизаи махсуси "Ҳумоюн" қадр мешаванд
637

 

Ҳангоми баргузории нахустин маҳфили “Ҳумоюн” дар шаҳри Хуҷанд бо муассис ва роҳбари он Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш дар мавриди таъсис маҳфил ва ҳадафҳои он сӯҳбат доштем.

Ба баёни Озарахш, маҳфил дар назди маҷаллаи “Паёми Суғд” созмон ёфта, ҳадафи он ҷалби бештари адибони ҷавон ва навқаламон ба фазои эҷодӣ аст.

"Ҳумоюн вуҷудаш пури шеър, адабиёту мусиқӣ ва умуман, суханони пок буд. Ман орзу доштам, ки рӯзе ӯро рӯйи саҳна ораму шеърхонию сурудхониҳояшро муаррифӣ мекунам. Аммо умраш кӯтоҳ будааст ва Худованд ӯро пеши худ хонд. Ман фикр мекунам, ки он орзуҳое, ки дар дили ман буд, бо ташкили ҳамин маҳфил, албатта, амалӣ мешавад", - гуфт устод Озарахш.  

Бино ба гуфтаи мавсуф, иштирокчиёни маҳфил бештар аз ашъори шоирону адибони форсу тоҷик ғазалу байтҳо қироат мекунанду бо ин васила аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик ба худ як ҷаҳон маънӣ мегиранд. Ҳамчунин, дар идомаи маҳфил эҷоди навтарини адибони ҷавон шунавида мешавад.

"Бисёр мехоҳам, ки дар оянда ин маҳфил боз ҳам васеътар карда шавад. Бигзор бо адибону шоирони дигар кишварҳо гуфтугӯҳои онлайнӣ ҷорӣ карда шавад ва албатта, агар имкон шавад ба дидор расиданҳо дар вилояти Суғд ва ё берун аз он ба роҳ монда шавад. Яъне, “Ҳумоюн”-ро дар ҳама ҷо ҳамчун як маҳфили бузургдошти илму фарҳанги адабиёти тоҷик шиносанд ва ин маҳфил бигзор чеҳраҳои навро тавлид кунад”, - таъкид кард роҳбари он.

Роҳбари маҳфил, ҳамчунин, таъкид дошт, ки адибони ҷавон ва навқаламоне, ки дар маҳфил иштироки фаъолона мекунанд, бо ҷоизаи махсуси “Ҳумоюн” қадрдонӣ мешаванд ва ин иқдом бо мақсади ҳавасмандӣ ва рӯҳбаландии эҷодкорони наврас дар иду айёмҳои хоса ва дар вазъияти тантанавӣ амалӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳумоюн Каримов, писари ягонаи Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона 13-уми апрели имсол дар синни 21-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ дар шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Сухайло 2023-10-31, 19:54
Худованд чои Хумоюнчонро чаннат кунад. Ба падару Модараш сабр ато кунад. Вале сабаби маргашон чи буд, нагуфтед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Сухайло 2023-10-31, 19:54
Худованд чои Хумоюнчонро чаннат кунад. Ба падару Модараш сабр ато кунад. Вале сабаби маргашон чи буд, нагуфтед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД