goodwell
Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” оғоз ёфт
114

Қабули филмҳои нав барои иштирок дар сеюмин синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” оғоз ёфтааст.

Дар ин бора масъулини Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар дода, гуфтаанд, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар ҷашнвора аз 15-уми июн оғоз ёфта, то 15-уми сентябр идома хоҳад кард. Ба ин ҷашнвора филмҳое, ки солҳои 2024-2025 офарида шуда, дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, қабул карда мешаванд.

Филмҳои бадеӣ, филмҳои кӯтоҳмуддат ва филмҳои муштаракро ба сеюмин синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” пешниҳод намудан мумкин аст.

Филмҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи интихобӣ баррасӣ гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Ғолибон аз рӯйи наминатсияҳои зерин муайян гашта, соҳиби ҷоиза хоҳанд гашт:

1. Беҳтарин коргардон

2. Беҳтарин наворбардор

3. Беҳтарин рассом

4. Беҳтарин нақши мардона

5. Беҳтарин нақши занона

6. Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ

7. Беҳтарин филмнома барои кӯдакон ва наврасон

8. Ҷоизаи махсуси ҳакамон

9. Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин

10. Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинои тоҷик».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД