toyota motors
Ҳабси мудири меҳмонхона барои ҷой додан ба маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус сити ҳолл”
86

Дар Русия мудири як меҳмонхонаро барои ҷой додан ба ду нафар маҳкумшудагони ҳамла ба толори Крокус сити ҳолл ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум намудаанд.

Номи меҳмонхона оварда нашудааст, вале тавре расонаҳои русӣ дар такя ба мақомоти судӣ навиштаанд, мудири ин меҳмонсарой, ки як зан мебошад, ду нафар маҳкумшудагони асосии ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳол” - Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзовро, ки ба ҳукми абад маҳкум шудаанд, ба меҳмонхона роҳ дода будааст.

Мудири меҳмонхона баъди ҳамла ба “Крокус” фавран барои бозпурсӣ даъват шуда, ба гуноҳаш иқрор гаштааст ва изҳори пушаймонӣ карда, гуфтааст, ки Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов ҳар рӯз меомаданд ва маблағи иқоматро дар меҳмонхона ба таври нақдӣ ё тариқи корти бонкӣ пардохт намуда, шабро мегузарониданду рӯзона тамоми васоили худро ҷамъ карда мерафтанд ва боз бармегаштанд.

Додгоҳ занро барои сари вақт ба мақомот хабар надодан ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум намудааст. Пас аз адои ҷазо ин зан тӯли ду соли дигар наметавонад ба хадамоти меҳмонхонадорӣ машғул шавад.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус сити ҳолл”-и вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сар зада, 149 нафар ба ҳалокат расиданд ва зиёда аз 550 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бо ҳукми суд дар робита ба ин ҳодиса 15 нафар ба ҳукми абад маҳкум шуда, 4 тани дигар ба муҳлати аз 19 то 22 сол равонаи зиндон гаштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД