Ду ҷавони сокини пойтахт, ки дар як навори видеоӣ духтаронро таҳқир намуда, шаъну шарафи онҳоро паст мезаданд, аз ҷониби Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.
Ин навори видеоӣ, ки дар он аз ҷониби ду ҷавон мавриди таҳқир ва масхара қарор гирифтани духтарон тасвир ёфта буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба бор овард.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навори мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, шахсияти ҷавононро муайян намуд.
Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки Рамазон Олимови 23-сола ва ҳамроҳаш Шоҳрух Насриддинов рӯзи 27-уми апрели соли равон, тахминан соатҳои 17:00-и бегоҳ дар маҳаллаи зисташон, кӯчаи Испечак-2, ду духтари ҷавонро таҳқир намуда, дашному ҳақоратҳои қабеҳ додаанд ва шаъну шарафи инсонии онҳоро паст задаанд.
Рафтори беадабонаи ҷавонон, ки дар пардаи видео, сабт гаштааст, гуноҳи онҳоро собит месозад.
Нисбати боздоштшудагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар рафти мурофиаи судӣ ҷавонон гуноҳи худро ба гардан гирифтанд ва изҳори пушаймонӣ намуданд.
Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарназардошти гуфтаҳои боло барои майдаавбошӣ Рамазон Олимов ва Шоҳрух Насриддиновро 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум намуд.