Formula novemver 2024
Ҳабибулло аз ҷабри арӯсаш худкушӣ кард
3930

 

Дӯстам Ҳабибулло духтари зебоеро дӯст медошт. Волидони духтар хостгории падари Ҳабибуллоро дарҳол қабул карда, ҷавононро фотиҳа карданд. Ҷӯраам он рӯз чунон хурсанд буд, ки гӯё болу пар бароварда бошад, дар самои орзуҳои ширин парвоз мекард.

Барои пули тӯйро кор кардан Ҳабибулло ба Русия мардикорӣ рафт, вале арӯси беандеша бо рашку итоби беҳуда ҷони ӯро дар мулки ғурбат ба лабаш меовард. Вай аз он ҷавононе набуд, ки ба дӯстдоштааш хиёнат кунад, вале духтар ба гапи ҳар касу нокас бовар карда, ҳар рӯз занг зада бо Ҳабибулло ҷангу ҷанҷол мекардааст, ки ту дар он ҷо ягон беваи урус дорӣ, барои ҳамин серкориатро баҳона карда гаштаӣ. Билохира духтари бадрашк дар назди вай шарт монда мегӯяд, ки ба ту як ҳафта муҳлат, ба деҳа баргард, вагарна фотиҳаро бармегардонам. Ҷӯраам арӯсашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт, аз ҳамин хотир ҳама кору борашро партофта омад, вале хиёнати дӯстдоштаашро бо чашми худаш дида, аз оламу одам дилмонда шуд ва худро ба дор овехт. Сарнавишти талхи ҷӯраам дили маро ҳам аз ҷинси зан хунук кард. Дигар ба ягон духтар бовар надорам. Чаро ин қадар бевафоед хонумҳо?

Фотеҳ, аз н. Нуробод

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД