Александр Гордон, ҳунарманд ва ровии 56-солаи рус аз ҳамсари чорумаш Нозанин Абдулвосиева, ҳунарпешаи 26-солаи руси тоҷиктабор, ки шаш сол қабл хонадор шуда буданд, ҷудо шудааст.
Ҷуфти ҳунармандро Суди ноҳияи Красная Пресняи шаҳри Маскав санаи 17-уми июл аз ҳам ҷудо кардааст. Намояндаи суд ба хабарнигорон гуфтааст, ки “Гордон ва ҳамсараш бо оромӣ, бе ягон ҷанҷол ҷудо шуданд ва тамоми масъалаҳои алоқаманд ба алимент ва тақсими молу мулкро пеш аз мурофиа ҳал кардаанд”. Ҳамин тавр, сабаби асосии ҷудошавии Гордону ҳамсари ҷавонаш номаълум боқӣ мондааст. Нозанин Абдулвосиева дар шаҳри Маскав ба дунё омада, духтари продюсери синамо Абдул Абдулвосиев, набераи коргардони машҳури Шӯравӣ Валерий Аҳадов ва абераи Шоири халқии Тоҷикистони Шӯравӣ Мирсаид Миршакар мебошад.
Ҳунармандон замоне издивоҷ карданд, ки Гордон 50 сол ва Нозанин ҳамагӣ 20 сол дошту дар Донишкадаи давлатии синамои Маскав (ВГИК) таҳсил мекард. Аз ин хонадории 6-сола, онҳо соҳиби ду писар, Александри 5-сола ва Фёдори 3-сола мебошанд. Александр Гордон то соли 2014 се маротиба издивоҷ карда, Нозанин ҳамсари чоруми ӯ буд. Гордон дар умум се фарзанд, як духтару ду писар дорад, ки духтари калониаш аз ҳамсари чорумаш шаш сол калон мебошад.