Arzon march 2024
Абдурозиқ зери борон ва бо пойи ифлос гашт
630

Абдурозиқ Эгамов блогер, ҳунарманд, варзишгар ва овозхони маъруф, ки дар Дубаю Ҳиндустон зиндагӣ мекунад, таронаи навашро бо номи "Бориш" нашр намуд.

Ин клипи навро,ки 10 соат пеш ӯ нашр кард, то ҳол беш аз 40 000 нафар тамошо кардааст. Дар ин тарона, ки бо забони ҳиндӣ дар саҳифаи худи Абдурозиқ нашр шудааст, дида мешавад ,ки ӯ дар зери борон бо пойҳои ифлос ва сару рӯйи тар роҳ меравад. Сипас, ба касе нома менависад.

 

Ин овозхони тоҷик баъд аз оне, ки аз Дубай ба Ҳиндустону Испания ва дигар кишварҳои Аврупо рафт, ба ситораи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тарафдорони зиёде пайдо кард. Ӯ ҳатто бо ситорахои Болливуд дар филму шоуҳо нақш меофарад.

Ин дуюмин суруди ҳиндии Абдурозиқ аст. Таронаи якуми ӯ “Chota Bhaijaan” унвон дошта, аз ҳиндӣ ҳамчун “Додарҷон” тарҷума мешавад. Абдурозиқ ин сурудро дар пайравӣ ба оҳангҳои хоси филмҳои ишқии ҳиндӣ сурудааст, ки замоне дар Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле шуҳратёр буданд.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

АБДУРОЗИҚ СОҲИБИ ТУГМАИ ТИЛЛОӢ ШУД!

Овозхони тоҷик ба ситораҳои Ҳиндустон тақлид намуда, дар клип ҷомаю либоси қаҳрамонҳои машҳури филмҳои ҳиндиро ба бар кардааст. Ин сурудро миёни 1 сол беш аз 11 миллион нафар дидаанд.

Аз шарҳҳои зери клип дида мешавад, ки аксари мухлисони таронаи нави Абдурозиқ аҳли Ҳинд ҳастанд ва мардуми ин сарзамин таронаи ҳиндии овозхони тоҷикро хеле хуш пазируфтаанд, аммо...  Дар шарҳҳои зери клипи тарона “Додарҷон” шарҳҳо ба забони тоҷикӣ аз тамошобинони тоҷик қариб дида намешаванд, ки ин хеле ҳайратовар аст, зеро маъмулан мардуми тоҷик таронаҳои ҳиндии овозхонҳои тоҷикро хеле дӯст медоранд.

Ёдрас мешавем, ки Абдурозиқ, овозхон ва шоумени ҷавони тоҷик зодаи Панҷакенти бостонӣ буда, 20-сола аст ва 1 метр қад дорад. Абдурзиқро ҳамчун ҳунарманд блогери шинохтаи тоҷик Барон аз Панҷакент ба шаҳри Душанбе овард. Аввалҳо муносибати Абдурозиқ бо Барон хеле гарму самимона буд ва ҳамдигарро бародар мехонданд, вале баъди он ки Абдурозиқ ба шоу-бизнеси ҷаҳонӣ роҳ ёфта, ба шаҳри Дубай рафт, байнашон моҷаро сар зада, аз ҳам ҷудо шуданд.

Инак, қариб ду сол боз Абдурозиқ гоҳ дар Дубай ва гоҳ дар Ҳиндустон кору зиндагӣ мекунад ва таронаҳои навашро низ дар хориҷа сабт намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД