formula
АБДУРОЗИҚ ЁДЕ АЗ БАҲРОМ ҒАФУРӢ КАРД
2090

 

Абдурозиқ Эгамов, овозхони 17-солаи тоҷик таронаи “Модар”-и шодравон Баҳром Ғафуриро бозхонӣ карда, дар ин бора дар саҳифаи Инстаграмаш иттилоъ додааст.

Клиптарона дар саҳифаи “Avlod Media” дар шабакаи YouTube нашр шуда, дар давоми як рӯз онро зиёда аз 200 ҳазор нафар тамошо кардаву писандидаанд. “Клипи нави ман баромад. Суруд аз шодравон устод Баҳром Ғафурӣ мебошад. Миннатдории худро ба шахсоне, ки дар клип саҳмгузор буданд, мерасонам”,-навиштааст Абдурозиқ дар саҳифаи Инстаграмаш. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳунару маҳорати овозхонии Абдурозиқ баҳои баланд дода, ӯро васфу таъриф кардаанд.

Баҳром Ғафурӣ таронаи “Модар”-ро ҳанӯз ҳафт сол муқаддам, соли 2013 сароида буд ва онро ҳамчун саундтрек дар филми “Сукут” низ истифода бурда буданд. Ёдовар мешавем, ки оҳангсоз ва овозхони тоҷик Баҳром Ғафурӣ субҳи 7-уми августи соли равон дар синни 44-солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд.

Бо гузашти ду моҳ аз марги овозхон, Абдурозиқ сарояндае мебошад, ки ба хотири гиромидошти хотири Баҳром Ғафурӣ таронаеро аз эҷодиёти ӯ бозхонӣ кард. Қаблан Анӯшервон Ғафурӣ, писари калонии Баҳром таронаи нотамоми ӯ “Хона холӣ”-ро сароида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД