Овозхон ва блогери 18-солаи тоҷик Абдурозиқ мисли шоҳин якбора хеле баландпарвоз гашта, ҳамнишини шахсиятҳои хеле машҳури олам гаштааст.
Айни ҳол Абдурозиқ дар Британия Кабир қарор дорад ва аз он ҷо чанд аксу наворҳои аҷибро дар Инстаграмаш гузоштааст.
Аз ин миён махсусан аксҳои бо шаҳрдори Лондон Содиқ Амон Хон ва дар шаҳри Манчестер дар варзишгоҳи машҳури “Олд Трафорд” бо яке аз футболбозони машҳури ҷаҳон Кристиано Роналду гирифтаи блогери тоҷик таваҷҷӯҳи мухлисонашро ба худ кашидаанд. Абдурозиқ дар зери акс навиштаст: “Биё, чемпион @Кристиано! Ҳама умр орзу доштам, ки туро бубинам, ака.”
Дар зери акси бо шаҳрдори Лондон гирифтааш бошад, Абдурозиқ навиштааст:”Ман шоҳигарии Британияро хеле дӯст медорам ва мухлисонам бо истиқболи худ маро водор мекунанд, ки худро ин ҷо як меҳмони мақбул эҳсос кунам”.
Ҳамгон дар шарҳҳои зери акси Абдурозиқ навиштанд, ки мо бо ту ифтихор дорем. Пешравии ту ин обрӯи ҳар як тоҷик аст.
Дар ҳақиқат пешравии як ҳунарманди тоҷик берун аз Ватан боиси ифтихор аст ва мо умедворем, ки Абдурозиқ ба пешравиҳои аз ин ҳам зиёдтар ноил мегардад.