Кумитаи дин гуфт, нархи ҳаҷ барои соли равон 57 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта арзонтар аст.
Маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад.
Таъкид шудааст, ки довталабон маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои “Ориёнбонк” бояд пардохт кунанд.
Сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ барои сафари ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2024 ҳамагӣ 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.