Commerce bank may-june 2026
9 роҳи ҷавон мондан дар давраи климакс
20.06.2026
Oila.tj
23

Одатан давраи климакс дар занон тақрибан дар синни 49-солагӣ оғоз меёбад, вале имрӯзҳо бисёр бонувон ҳатто дар 40-45-солагӣ бо аломатҳои он рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин давра фаъолияти тухмдонҳо коҳиш ёфта, истеҳсоли гормонҳои занона кам мешавад ва равандҳои пиршавии организм суръат мегиранд.

Барои сабук кардани нишонаҳои климакс табибон аксаран табобати гормониро тавсия медиҳанд. Аммо чунин доруҳо барои баъзе занон мувофиқ нестанд ва бархеи дигар намехоҳанд организмашонро бо доруҳои иловагӣ сарборӣ намоянд. Ба гуфтаи гинеколог-эндокринолог ва номзади илмҳои тиб Мария Коновалова, роҳҳои табиие низ мавҷуданд, ки метавонанд ба нигоҳ доштани саломатӣ ва ҷавонӣ мусоидат кунанд.

1. Коллагенро фаромӯш накунед

Дар давраи климакс бофтаҳои пайвандии организм суст шуда, пӯст чандирии худро аз даст медиҳад ва дар пӯсти рӯй чинҳо пайдо мешаванд. Барои дастгирии организм метавон аз маҳсулоти дорои коллаген ва пептидҳо истифода бурд. Пеш аз интихоби чунин воситаҳо машварати духтур муҳим аст.

2. Стрессро идора кунед

Асабоният ва фишори равонӣ ба ҷаббиши витаминҳо ва моддаҳои ғизоӣ халал мерасонанд. Барои нигоҳ доштани саломатӣ омӯхтани роҳҳои мубориза бо стресс, аз ҷумла машқҳои оромбахш ва нафаскашӣ, аҳамияти калон дорад.

3. Ба худ ғамхорӣ намоед

Коршиносон тавсия медиҳанд, ки баъзан танҳо чанд дақиқа вақт ҷудо карда, ба ҳиссиёти ҷисми худ диққат диҳед. Масҳ кардани минтақаи дил, шикам ё сар метавонад барои оромии рӯҳӣ ва коҳиши изтироб муфид бошад.

4. Аз тибби шарқӣ баҳра гиред

Тибби анъанавии шарқӣ барои нигоҳ доштани неру ва тавозуни организм усулҳои гуногун, аз ҷумла масҳи нуқтаҳои фаъоли бадан, машқҳои нафаскашӣ, гиёҳдармонӣ ва табобатҳои обиро тавсия медиҳад.

5. Ба истироҳат ва табобат аҳамият диҳед

Муолиҷа дар осоишгоҳҳо, оббозӣ, физиотерапия ва сайругашт дар ҳавои тоза метавонанд ба беҳтар шудани ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ мусоидат кунанд. Агар имкони сафар надошта бошед, бештар дар боғҳо сайр кунед ва шомгоҳон души гарм қабул намоед.

6. Ҳаракат кунед

Фаъолияти ҷисмонӣ яке аз беҳтарин роҳҳои пешгирии сустшавии устухонҳо ба шумор меравад. Варзиши мунтазам гардиши хунро беҳтар намуда, устухонҳоро мустаҳкам нигоҳ медорад.

7. Витаминҳо ва моддаҳои муфид

Витаминҳои гурӯҳи В, инчунин витаминҳои А, С, D ва Е, ҳамчунин калсий, магний, руҳ, селен ва кислотаҳои равғании Омега-3 барои нигоҳ доштани ҷавонӣ ва фаъолияти хуби организм нақши муҳим доранд.

8. Аз гиёҳҳо истифода баред

Женшен, элеутерококк, лимонник, мумие ва дигар гиёҳҳои шифобахш ба организм барои муқобила бо стресс ва нигоҳ доштани неру кӯмак мерасонанд. Аммо истифодаи онҳо низ бояд бо тавсияи мутахассис сурат гирад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки ҷавонӣ танҳо ба синну сол вобаста нест. Ғизои дуруст, ҳаракати ҷисмонӣ, истироҳати кофӣ ва муносибати ғамхорона ба саломатӣ метавонанд ба ҳар як зан кумак кунанд, то худро дар ҳар синну сол неруманду зебо эҳсос намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД