formula
8- маслиҳати падари рӯзгордида ба духтараш
14.08.2022
ОИЛА
1661

 

Бонувони азиз, имрӯз насиҳатҳои Умми Аёзро, ки ба духтари худ кардааст, пешкаши шумо месозем. Дар жарфнои ин пандҳо дурдонаҳои маънӣ нуҳуфтаанд, ки дар зиндагии ҳар духтар зарур аст.

 1. Дар зиндагӣ қаноатро пеша кун.

Дар хонаи шавҳар ҳавасҳои беҷо макун, ҳарчанд дар тани дугонаҳои худ пероҳанҳои зебо мебинӣ ва дар хонаашон ашёҳои қиматбаҳо, вале ҳеҷ гоҳ ҳаваси онро махӯр ва чизе, ки дар хона дорӣ, бо он қаноат намо. Шояд ҳавасҳои беҷо ва хоҳишҳои бемавриди ту ба шавҳар мушкилот эҷод намоянд ва зиндагии ширини туро ба талхӣ кашанд.

2. Ҳолатҳое мешавад, ки ту гуноҳе надорӣ, вале дар хонаи шавҳар гуноҳро ба гардани ту бор мекунанд.

Ҳеҷ гоҳ кӯшиш макун, ки худро сафеду пайвандони шавҳаратро гунаҳгор кунӣ, сабру таҳаммул намо ва оқибати он барои ту бахайр хоҳад шуд.

3. Чашм барои дидан аст, кӯшиш намо дар шавҳарат ҳама чизҳои хубро бинӣ, зеро чашм аз дидани хубиҳо роҳат мекунаду аз дидани нохубиҳо нороҳат мешавад.

4. Бинӣ барои бӯй кашидан аст, ҳангоми ба димоғ расидани ягон атри хушбӯй он муаттар гашта, рӯҳу равон роҳат мекунад, аммо бӯйи бад ғаши одамро меорад. Пас дар назди марди худ мудом хушбуй бош!

5. Хонаҳоятро тозаву муаттар нигаҳ дор, ба тозагии худат ҳам аҳмият бидеҳ. Зани тозаву ороставу пероста шавқи мадро бедор карда, ӯро меҳрубон месозад.

 6. Вақти ғизои шавҳарро муайян намо, агар хӯрокро дар вақташ тайёр накунӣ, ӯ ғазабнок мешавад ва ҳамон сулҳу салоҳу дӯстдориву меҳрубоние, ки буд, хонаи шуморо тарк мекунад.

7. Вақти хоби шавҳарро низ риоя намо, аз ёд набарор, ки мард ризқрасони хонадон асту ба истироҳат ниёзи бештаре дорад. Чун вақти хобаш фаро расид, ҷойгаҳашро омода намо, ба хобаш халал нарасон. Ин яке аз масъалаҳои ниҳоят нозуки ҳаёти туст.

 8. Кадбону бош, хӯрокро бо меҳру муҳаббат тайёр намо, агар дар хӯрок ҳама чиз бошаду он бе муҳаббат тайёр шуда бошад, эҳсос мешавад. Ороиши дастархонро низ аз ёд набарор, дастархони камбағалона ҳам метавонад ороиши зебо дошта бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД