Arzon march 2024
70 сол дар хидмати халқ
1178

Фаига Оташин ё Гугуш, сермухлистарин овозхони дунё, ситораи пурҷилои санъати Эрон қарор додааст, ки аз саҳна меравад. Ӯ бо эълони консерти охиринаш, ки аз рӯи нақша бояд тирамоҳи соли равон дар Стокҳолми Шветсия баргузор шавад, гуфтааст охирин барномаҳои ҳунариаш хоҳад буд. Сароянда ба он “Фасли охир” унвон додааст. Ин барномаи консертӣ тирамоҳи имсол дар чандин шаҳрҳои аврупоӣ баргузор гашта, бо ҳамин сароянда бо мухлисонаш видоъ мегӯяд.

Номи аслии ӯ Фаига Оташин буда, 5-уми майи соли 1950 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дунё омадааст. Ӯ ҳунарпешаи синамо ва овозхон аст. Гугуш бо вуҷуди оне, ки қаблан 3 бор издивоҷ кардааст, муҷаррад буда, соҳиби як фарзанд аст.

Аз кӯдакӣ ҳамроҳи падараш дар саҳна машқ мекард ва 7-сола буд, ки дар филмҳо нақш меофарид. Ӯ қариб дар 30 филм нақш офаридааст, ки сербинандатарин ва маъруфтарини онҳо филми “Шаби дароз” мебошад.

Гугуш бо забонҳои форсӣ, арманӣ, арабӣ, озарӣ, англисӣ, итолиёӣ, испанӣ ва франсузӣ суруд сароида, дар ҳама ҷо худро эронӣ муаррифӣ кардааст. Солҳои 70-уми асри гузашта авҷи шуҳрати ӯ буд. Соли 1979 баъди Инқилоби исломӣ дар Эрон ҳунарнамоии ӯро манъ карданд. Сароянда ба Амрико кӯчид, вале бо санъаташ Эронро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Гугуш беш аз 70 соли умри худро сарфи ҳунару санъат кард, аммо ҷоиза ё унвоне надорад. Ӯ дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки дӯстдори ҷоизаву унвонҳои дурӯғин нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД