Аксари мардон дар рӯзи Иди саиди Фитр баъди аз намоз баргаштан ба зиёрати оромгоҳи падару модар ва дигар гузаштагонашон мераванд. Мехостам бидонам, ки вақти ба зиёрати қабристон рафтан кас бояд чӣ кор кунад ва кадом дуоҳоро бихонад?
МЕЛИКМУРОД, аз шаҳри Ҳисор
Посух:
- Дар ҳақиқат зиёрати аҳли қубур дар рӯзи иди саиди Фитр ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин рӯз ба он хотир ба зиёрати оромгоҳи гузаштагон мераванд, ки дар ҳаққи рӯҳу арвоҳи гузаштагони худ дуо карда, салому дуруд бирасонанд. Аммо зиёрати қабристон шартҳо ва одоби хоси худро дорад, ки бояд иҷро карда шаванд.
1. Зиёрати аҳли қубур ба хотири панду ибрат гирифтан ва ба ёд овардани охират аст ва набояд кас суханонеро ба забон оварад, ки муҷиби хашми Парвардигор мегардад, масалан падарҷон, чаро моро партофта рафтӣ ё худованд барои чӣ модарҷони маро рабудӣ гуфтан мумкин нест. .
2. Ба ҷойи Худованд аз мадфун (аз мурдае, ки дар қабр хобидааст) чизе талаб намудан ва бо боварии комил ӯро ҷаннатӣ гуфтан раво нест. Ҷаннатӣ кисту дӯзахӣ кист, инро танҳо Аллоҳи бузург медонад.
3. Касе, ки ба зиёрати аҳли қубур меравад, дар баробари дар ҳаққи гузаштагони худ дуо намудан дар ҳаққи дигар маитҳои дар он оромгоҳ хобида низ дуо кунад, хуб аст.
4. Вақте ба зиёрати оромгоҳи падару модар ва дигар гузаштагони худ меравед, атрофи қабрро тоза кунед, савоб мегиред.
5. Дар сари қабр ҳатман ба рӯҳу арвоҳи маит ва дигар гузаштагон дуо кардан лозим аст. Аз ҷумлаи дуоҳое, ки дар қабристон хонда мешавад, ин аст: "Ассалому алайкум аҳла-д-диёримина-л-муъмининава-л-муслимина ва инно иншoаллоҳу бикумлоҳиқун. Асъалуллоҳалановалакуму-л-ъофия". (Салом бар шумо, эй мӯъминону мусулмонони ин диёр ва иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад) мо ҳам ба шyмo мепайвандем. Аз Аллоҳ таъоло барои мову шумо офият металабам).
6. Бардоштани дастҳо ҳангоми дуо ҷоиз аст, зероОиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфтааст: Шабе расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) берун рафт,то бубинад, ки ӯ ба куҷо рафтааст. Гуфт: Ӯ ба сӯи Бақеъу-л-ғарқад рафт ва дар поёни Бақеъ истод ва дастони худро баланд кард, сипас баргашт. Ба наздам баргашта, (чизҳои дидаашро) ба ман хабар дод. Чун субҳ шуд, ба ӯ гуфтам: Эй расулуллоҳ! Шаби гузашта куҷо рафтӣ? Фармуд: «Ман ба сӯи аҳли Бақеъ фиристода шудам, то барои онон дуо кунам».
7. Зиёраткунанда ҳангоми дуо рӯяшро ба сӯи қабрҳо намекунад, балки ба самти Каъба менамояд, зеро паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) аз намоз гузоштан ба сӯи қабрҳо манъ намудааст.