Бо гарм шудани ҳаво хатари пайдо шудани кирм дар меъдаю рӯдаи кӯдакон меафзояд. Чаро чунин мешавад?
Кирмҳо дар рӯда аз куҷо пайдо мешаванд?
Пайдо шудани кирм дар рӯдаи кӯдакон сабабҳои зиёде дорад. Риоя накардан ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истеъмоли меваю сабзавоти ношуста, дар чангу хок ғӯтида дар кӯча давутоз кардан, даст задан ба обҳои ифлос ва нӯшидани оби ноҷӯшида боиси пайдо шудани кирм дар вуҷуди атфол гашта метавонад. Гоҳе тухми кирмҳоро худи мо дар зери пойафзоламон аз кӯча ва дигар ҷойҳои ифлос ба хона оварда, манзили худро ба манбаъи сироят табдил медиҳем. Кӯдакон дар боғчаи бачагона низ аз кирми рӯда сироят ёфта метавонанд. Сабаби дигари гирифтор шудан ба кирми рӯда ин одати бади кӯдакона-нохунхойӣ ва ангуштони ифлоси худро ба даҳон бурдан мебошад.
Чаро бештар кӯдакон аз кирм сироят меёбанд?
Тамоми намудҳои кирм аз шахси кирмдошта ба одамони солим гузашта метавонанд. Бештар кӯдакон ба кирми рӯда гирифтор мешаванд ва албатта ин сабабҳои худро дорад.
Якум: кирм аксар вақт ҳангоми тамоси даст ба даст мегузарад. Азбаски хурдтаракон аксар вақт бо дастони ифлос ҳар чизро ба даҳонашон мебаранд ва меваю сабзавотро ношуста истеъмол мекунанд, бештар ба кирми рӯда гирифтор мешаванд.
Дуюм: Системаи муҳофизатии организми кӯдакон-иммунитети кӯдак назар ба одамони калонсол заифтар буда, бар зидди кирм муқовимат карда наметавонад.
Сеюм: Сабаби дигари ба осонӣ ба кирми рӯда гирифтор шудани кӯдакон заиф гаштани пардаҳои луобии рӯдаи кӯдак бар асари иллатҳои узвҳои ҳозима ё аз сар гузаронидани бемориҳои вирусӣ мебошад. Мавҷуд будани цитомегаловирус, вируси герпеси одди дараҷаи 1 ва 2, вируси Эпштейн-Барр организмро заиф гардонида, метавонад боиси ба осонӣ сироят ёфтани кӯдак аз кирми рӯда гардад.
Чорум: Боз як манбаъи сироят ёфтани кӯдакон аз кирми меъдаю рӯда ҳайвоноти хонагӣ аз қабили сагу гурда мебошанд.
Панҷум: Истеъмоли гӯшти нағз напухтаи гову гӯсфанд, мурғ, моҳӣ, шир ва тухми нимхом ҳам кӯдакро ба кирми рӯда гирифтор месозад.
Шашум: Сабаби дигари пайдо шудани кирм дар рӯдаҳои кӯдакон нӯшидани оби ноҷӯшида аст.
Ҳафтум: Ҳангоми оббозӣ кардан дар обҳои ифлос низ кӯдакон аз кирми рӯда сироят ёфта метавонанд.
Нишонаҳои кирми рӯда
Мавҷуд будани кирмҳоро дар организми кӯдак аз рӯйи нишонаҳои зерин фаҳмидан мумкин аст:
1. Якбора вазнашро партофта, харобу лоғар шудани кӯдак
2. Суст шудани рушди ҷисмонӣ ва ақлонии кӯдак
3. Пайдо шудани хориш ва сӯзиш дар маъқад
4. Ҳангоми хоб рехтани оби даҳони кӯдак
5. Субҳгоҳон беҳузур шудани дили кӯдак
6. Гум шудани иштиҳо
7. Қабзияти шикам
8. Пӯсидани дандонҳои кӯдак-кариес
9. Дар хобаш дандонҳояшро хоидани кӯдак
10. Пайдо шудани доғҳо дар бадани кӯдак
11. Кабуд шудани таги чашмони кӯдак
12. Паридани ранги рӯй ва хушк шудани пӯсти кӯдак
13. Сулфаи хушк дар ҳоле, ки кӯдак шамол нахӯрдааст ва ба зӯком гирифтор нест
14. Каме баланд шудани табби кӯдак (тахминна то 37,5 С)
15. Дамиши шикам
16. Тез-тез дарунрав шудан ё баръакс дар чанд рӯз як бор қазои ҳоҷат кардани кӯдак
Дар сурати мушоҳида намудани зиёда аз 5 нишонаи дар болои зикршуда ҳатман барои ташхиси кирми рӯда ба духтур муроҷиат намудан лозим аст. Бояд гуфт, ки кирми рӯда ба осонӣ ташхис намешавад, бинобар ин, шуморо лозим меояд, ки ахлоти кӯдакро се рӯз пай дар пай барои ташхис супоред.