Arzon march 2024
7 оини наврӯзии мардуми Бадахшон
193

Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо шукӯҳ ва анъанаи хосса таҷлил мегардад. Дар ин минтақа Наврӯзро "Хидирайём" меноманд, ки маънои "иди калон" ё "иди бузург"-ро дорад. Омодагиҳо ба ин ҷашни Наврӯз дар Бадахшон аз аввали моҳи март оғоз ёфта, маросимҳои гуногунро дар бар мегиранд.

Остонбаро

Мардуми Бадахшон пеш аз фарорасии Наврӯз ба ҷойҳои муқаддас ё боғҳо мераванд, то онҳоро поксозӣ ва омода кунанд. Ин амал нишонаи эҳтиром ба табиат ва замин мебошад.

Дудбарорӣ

Субҳи барвақт, сардори оила дар оташдон оташ меафрӯзад. Ин маросимро барои дур кардани рӯҳҳои бад аз хона анҷом медиҳанд.

Сурхбарорӣ

Дар ин маросим соҳиби хона ашёҳои сурхрангро аз хона ба берун бароварда, дар ҷои баланд мегузорад. Ранги сурх рамзи ҳаёт вашукуфоӣ аст.

Дудазанӣ

Занҳо қолинҳо, кӯрпачаҳо ва либосҳоро барои шамолдиҳӣ ва офтобхӯрӣ аз хона берун мебароранд, то хона аз ҳар гуна нопокӣ покшавад.

Шогункунӣ

Занҳо орди сафедро гирифта, кафи дасти росташонро ба он мезананд ва ордро ба тамоми деворҳои қисми болоии хона, махсусан ба сутуниасосии хонаи бадахшонӣ – чид, мемоланд. Ҳангоми иҷрои ин маросим аз занҳои бадахшонӣ аз Худованд барои аҳли оилаашон ризқу рӯзӣ талаб намуда, соли навро баппайвандонашон табрику муборакбод мегӯянд.

Килоғузғуз ё талаб-талаб

Кӯдакон рӯсариҳоро ба даст гирифта, ба бомҳои хонаҳо мебароянд ва аз равзанаҳо онҳоро ба даруни хона меандозанд, сурудҳоивижа мхонанд ва соҳибхона бояд дар рӯсарии онҳо шириние бибандад.

Аловпарак ё оташафрӯзӣ

Мардум бо андохтани ашёи нолозим ба оташ кудуратҳо ва палидиҳои куҳанро аз байн мебаранд.

Хӯрокҳои наврӯзии мардуми Бадахшон

Дар Бадахшон, хӯрокҳои махсуси наврӯзӣ омода кардамешаванд, ки маъруфтарини онҳо инҳоянд: суманак,кочӣ, бат ё ҳалво, ширруған, боҷ ё даля. Ин хӯрокҳо асосан аз гандум, орд ва шир тайёр кардамешаванд ва дар ҷашни Наврӯз серистеъмоланд.

Бозиҳо ва маросимҳои наврӯзии Бадахшон

Дар Бадахшон, бозиҳои гуногуни наврӯзӣ баргузор мешаванд, ки машҳуртаринашон инҳоянд: куштӣ, лаш, алвончак, буҷулбозӣ, санҷак ёқолбозӣ, ҷангондани кабк, хурӯс, тухм.

Либоси наврӯзии мардуми Бадахшон

Дар рӯзи аввали ҷашни Наврӯз, мардуми Бадахшон либосҳои наву тоза ба бар мекунанд. Духтаракон ба нишони фасли баҳор ва рамзисарсабзию хуррамӣ либоси сабзранг мепӯшанд ва дар чанд ҷои деҳа арғунчак баста, ҳойравак мекунанд. Бегоҳии ҳамон рӯз онҳо бо нияти хушбахтӣ ва бахти сафедлибоси сафед пӯшида, расми ордгиракро ба ҷо меоваранд.

Ин анъанаҳо ва маросимҳо нишон медиҳанд, ки мардуми Бадахшон ба ҷашни Наврӯз эҳтироми хос доранд ва онро бо риояи расму оинҳоибостонӣ таҷлил мекунанд.

Судоба АКОБИРЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД