Аз 1-уми июли соли 2025 қоидаҳои ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Русия тағйир ёфтанд ва шахсоне, ки ба ин қоидаҳо риоя намекунанд, аз сарҳад бозпас гардонида мешаванд.
Аз ҳамин хотир, бо мақсади кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки бо нияти таҳсил, меҳмонӣ, табобат ва ё аёдати наздиконашон ба Русия сафар кардан мехоҳанд, имрӯз мо дар бораи 7 қоидаи муҳиме маълумот медиҳем, ки ҳангоми сафар ба ин кишвар бояд ҳатман риоя карда шаванд.
1. Агар нияти ба Русия сафар кардан дошта бошед, қабл аз ҳама бояд тариқи телефон худро дар портали «Госуслуги RulD» номнавис намоед.
2. Профили шахсиро пур карда, маълумотҳои заруриро дар бораи шахсияти худ ворид намоед ва аксатонро гузоред.
3. Дархости электрониро пур карда, дар он мақсади сафар ва муҳлати дар Федератсияи Русия монданатонро нишон диҳед. Ин корро 3 шабонарӯз, яъне 72 соат пеш аз сафар анҷом додан лозим аст, дар акси ҳол дахостатонро метавонанд рад намояд.
4. Интизор шавед, ки кай QR-код фаъол мегардад ва барои эҳтиёт сурати экранро бигиред. Мабодо дар нуқтаи сарҳадӣ дастрасӣ ба интернет ғайриимкон гардад, метавонед онро нишон диҳед.
5. Вақте ки ба сарҳад расидед, QR-код ва шиносномаи худро ба масъулин пешниҳод намоед. Дар ин ҷо акси шуморо мегиранд ва ташхиси изи ангуштонро анҷом медиҳанд.
6. Шахсоне, ки аз замимаи мобилӣ истифода мебаранд, ба таври фосилавӣ, яъне онлайн метавонанд полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ гирифта, ба осонӣ соҳиби симкорти русӣ шаванд.
7. Дар хотир дошта бошед, ки ҳангоми бо кӯдакони ноболиғи аз 6 то 18-сола ба Русия сафар кардан, падару модар ё шахси дигаре, ки нобилиғро ҳамроҳӣ мекунад, бояд аз номи ӯ дархостро пур карда, мақсади сафар, муҳлати дар Русия монданро нишон диҳад ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
Бароятон сафари бехатар орзумандем!