Arzon march 2024
7-маслиҳати судманд ба занҳое, ки мисли актрисса зебо будан мехоҳанд
1146


Дар ҷаҳон аслан ягон зане нест, ки орзуи ба мисли ҳунарпешаҳои синамо зебо ва ҷаззобу дилкаш буданро надошта бошад.

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки барои зебою ботароват гаштани чеҳрааш зан бояд ҳар рӯз ба кошонаи ҳусн рафта, амалиётҳои лозимаро гузаронад ва пули бисёре сарф намояд, вале дар асл чунин нест. Хонумҳо метавонад ҳатто аз хона набаромада ба пусти хеш зебоию ҷавониро ҳадя созанд. Маслиҳатҳои мо барои ҷавону зебо мондан ба шумо-бонувони азиз кӯмак мерасонанд.

1. Худро дӯст доред!
Ҳамеша дилкашу дилрабо будан хоҳед, худатонро дӯст доред ва нисбати пӯстатон пайваста ғамхорӣ зоҳир намоед. Фаромӯш накунед, ки пӯсти рӯй хушк ва сурх шавад, зуд ожанг пайдо карда дар назар пир менамояд. Барои бо чунин мушкилот дучор нашудан чораҳои фаврӣ бояд андешид. Варзиш, хоби бароҳат, реҷаи дурусти кору истироҳат, риояи қоидаҳои гигиенӣ, ғизои солим сарчашмаҳои асосии зебоии инсонанд. Мутаассифона, на ҳамаи бонувон инро медонанд. Бархе серкориро баҳона карда ба худ аҳамият намедиҳанду гуруҳи дигар аз сабаби гарон будани нарху наво на ғизои дуруст мехӯранд ва на пояшонро ба остонаи кошонаи ҳусн мениҳанд. Дар натиҷа пирӣ хеле барвақт аз гиребонашон гирифта дар рӯю мӯяшон осори ҳузновар мегузорад.

Чора чист?
Қиматию серкориро баҳона накунед, зан хоҳиш дошта бошад, метавонад аз хонааш набаромада худашро маликаи ҳусн созад. Бибиҳоямон бо кӯмаки меваю сабзавот ва дигар маводҳои ошхонаашон солҳо ҷавонию таровати худро нигоҳ медоштанд-ку!

2. Муъҷизаи асал
Яке аз воситаҳои беҳтарин, ки тӯли асрҳо самаранокиаш санҷида шудааст, асал мебошад. Беҳуда нест, ки машҳуртарин фирмаҳои косметологии ҷаҳони муосир ба таркиби маводҳои ороишии истеҳсол мекардаашон асалро ворид месозанд. Асал ба шарофати хусусияти ғизобахшӣ ва табобатияш дар нигоҳубини пӯсти рӯй нақши калидиро мебозад. Асал пӯстро мулоим намуда, хушкияшро бартараф месозад. Пӯсте, ки аз асал сер шудааст, зебою пурҷилою ботароват менамояд. Косметологон ба ҳамин хотир ба мизоҷонашон маҳз асалро тавсия медиҳанд.
3. Ниқоби ҳуснафзо
Барои тайёр кардани ниқобҳо асали тоза ё асали бо дигар маҳсулотҳо омехта гардонидашуда (об, спирт, глитсерин, шарбати лимӯ, зардии тухм, орд ва ғ) истифода бурда мешаванд. Пеш аз тайёр кардани ниқоб як нуктаи муҳимро дар хотир бигиред, ки истифода бурдани ниқобҳои асалӣ ба бонувоне, ки пӯсташон сурх мешавад ё аз ҳад зиёд ҳассос ҳастанду аз асал аллергия доранд ва ба касоне, ки асал хӯрда наметавонанд, тавсия дода намешавад.
Инак, чанд ретсепти асалиро пешкаши шумо месозем.

4. Ниқоб барои пӯсти хушк
Ба як дона тухми хом як қошуқ глитсерин ва асал илова намуда, маҳлулро ба пӯсти рӯятон моледу 10-15 дақиқа нигоҳ дошта, сипас бо об рӯятонро нағзакак бишӯед. Чунин ниқобро ҳамарӯза қабл аз шустани рӯй молидан мумкин аст. Ниқоби мазкур пӯсти хушкро нарм гардонда, пайдошавии чинҳоро пешгирӣ менамояд.

5. Ниқоби тароватбахш
Ба як қошуқча асали тунук як қошуқча глитсерин андохта, орди гандумро кам-кам иловакунон омезиш диҳеду сипас ба рӯятон молед. Ниқобро ҳафтае 1-2 бор дар давоми 1,5 моҳ молед, муъҷизаашро бо чашми худатон мебинед. Табобатро баъди 3 моҳ такрор кардан мумкин аст.

6. Ниқоби поккунанда
Як қошуқча асалро бо як қошуқча глитсерин ва як қошуқча орд нағзакак омезед. Ба маҳлул 2 қошуқ об рехта ба рӯю гарданатон молед, пӯстатонро нарму ботароват месозад.

7. Ниқоб аз лимӯ ва асал
100 г асалро бо шарбати як дона лимӯ омехта, маҳлули ҳосилшударо ба рӯятон тунук моледу 10 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби хунук рӯятонро нағзакак бишӯед. Қандоби ҳосилшударо муддати мадид дар яхдон нигоҳ доштан мумкин аст. Ин ниқобро ба пӯсти рӯю гардан субҳгоҳон мемоланд. Ниқоби мазкур барои пӯсти хушку муътадил тавсия дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД