arzon replenishment
7-маслиҳати модари бадахшонӣ ба занону духтарони ҷавон
10.02.2024
Дилошӯб
1382

Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» модари 83-сола, аз деҳаи Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим, Муборакшоева Қурбонбегим мебошанд. Азбаски меҳмони азизи мо таҷрибаи бойи зиндагӣ доранд ва фарзандҳои фарзонаро ба воя расонидаанд, тасмим гирифтем, дар ин шумора танҳо маслиҳатҳои эшонро ба оилаҳои ҷавон дарҷ намоем.

-Саломи гарму оташини худро аз Боми ҷаҳон ба хонандагони азизи ҳафтавори “Оила” мерасонам. Чун мо солҳои зиёд зери ин чархи кабуд зиндагӣ кардему таҷриба омӯхтем, аз таҷрибаи рӯзгори худ ба духтарон ва ҷавонзанҳо чанд маслиҳат доданиям:

1. Зиндагӣ ин мубориза аст, агар онро ба баҳри дамон ташбеҳ диҳем, дар муқобили мавҷҳои қавии он танҳо шиновари қавипанҷа ғолиб мебарояд.

2. Зиндагии оилавиро бо муҳаббат оғоз намудан лозим аст, бе дурӯғу риё, бо дили покиза ба шоҳроҳи зиндагӣ қадам мондан лозим аст. Дил, ки покиза бошад, ба ниятҳо расидан низ осон мешавад.

3.Арӯсхонум ба хонадоне, ки қадам мемонад, бояд аҳли он оиларо ҳурмату эҳтиром намояд. Дар баробари шавҳари хеш пайвандони ӯро низ дӯст дорад.

4. Нозу нузу эркагиҳои хешро дар хонаи падару модар монда, ба зиндагии наваш бо дилу нияти тозаву нав оғоз бахшад.

5.Чун фарзандҳо ба дунё омаданд, дар тарбияи онҳо кӯшиши зиёде ба харљ диҳад. Зеро соябони даврони пирии волидайн фарзандони онҳо мебошанд. Танҳо аз тарбия вобаста аст, ки фарзанд доғи падару модар мешавад ё боғи сабзу гулзори онҳо.

6. Пеш аз ҳама ба фарзандон донишу маърифат омӯзонанд, то фардо роҳу равиши хешро пайдо кунанд дар зиндагӣ.

7.Волидайн барои фарзандони хеш дар зиндагӣ намунаи ибрат ҳастанд, қаҳрамони хуби хотири фарзандони худ бошед ва давлати пирӣ мебинед.

Боқӣ, хушбахту хушрӯз бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД