Arzon march 2024
7 маслиҳат барои занон
381


Ҳар мард барои худ рафиқи зиндагӣ- хонумеро интихоб мекунад то шамъи хонадонаш дои фурузон бошад.

Умеди ҳамаи занҳо низ барои пойдории оила аст. Хонадорӣ вазифаи душвор ва ниҳоят муҳим барои ҳар зан аст. Шамъи хонадонро афрухтану хонаро пурнур сохтан аз дасти ҳар зан намеояд. Инҷо якчанд маслиҳат барои зиндагии роҳату осуда сохтан меорем умедворем бароятон фоидаовар хоҳад буд:

Хонаатро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дор, тамизии истиқоматгоҳ чашматро равшан ва табъатро болида мегардонад. Марди хонадон низ ба ин бо назари меҳр менигарад. Новобаста аз он, ки ту дар хонаи пурҷиҳозу бошукўҳи маркази шаҳри бузурге зиндагӣ мекунӣ ё дар ҳавличаи оддии сабзу хуррами деҳоте, бояд фазои хонаат хуршедӣ бошад.
2. Чеҳраи кушода, қаноат, шукр, сабр, назари сабз ба зиндагӣ, муносибати хуб бо атрофиён ин фазоро равшану мунаввар мекунад.
3. Новобаста аз он ки байни туву ҳамсарат чӣ гузаштааст, ўро бо чеҳраи кушод ба кор гусел намуда, бо табъи болида пешвоз гир. Дар хонаат чизҳои кўҳнаву сўхтаву даридаро нигоҳ надор, беҳуда намегўянд, ки чизҳои шикаста, дарида, нодаркор дар худ энергияи бадро хориҷ мекунанд.
4. Зебоиро дар ҷойи авал гузор, зеро он ба аҳли хонадонат эҳсосоти хуб мебахшад.
5. Интизор нашав, кай меҳмон меояду ту барои ў дастархон меороӣ ё кай иду айёме фаро мерасаду дастархони идона меороӣ, ҳар субҳу шомро барои худат ид эълон намо. Зани хуб аз чизҳои оддиву арзон таому хӯришҳои лазизе тайёр намуда, дастархони азизонашро зеб мебахшад.
6. Хоҳӣ, ки дар хонаат баракат зиёд шавад, ҳеҷ гоҳ беҳуда харҷ накун. Хонаатро дўст дор, ҳар субҳ бо нияти нек аз он бадар шаву ҳар шом бо нияти нек баргард. Ҳеҷ касро аз пушти дарат ноумед барнагардон, мувофиқи имкон ба онҳо ёрӣ расон.
7. Кӯшиш намо дар хонаат лутф, меҳрубонӣ, хушсуханӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукмрон бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД