Arzon march 2024
7-фоидаи хурмои арабӣ ба саломатии инсон
23.04.2025
Шоира
228

7-фоидаи хурмои арабӣ ба саломатии инсон

  1. Хӯрдани ҳафт дона хурмои арабӣ (финики) субҳгоҳон дар меъдаи холӣ барои саломатии инсон хеле фоиданок мебошад, чунки ин меваи лазиз дар таркибаш миқдори зиёди қандҳои табиӣ, аз ҷумла глюкоза, фруктоза ва сахароза дорад. Қандҳои табиӣ ба осонӣ ҳазм шуда, зуд ба хун ҷаббида мешаванд ва хурмо ба як манбаи табиии энергия табдил ёфта, ба тану ҷони кас нерӯ мебахшад.
  2. Дар субҳона хурмо хӯрдан ба беҳтар шудани кори узвҳои ҳозима мусоидат менамояд.
  3. Бо шарофати моддаҳои муфиди дар таркибаш вуҷуд дошта, хурмо устухонҳои инсонро пурқуквват месозад.
  4. Хурмо манбаи моддаҳои ғизоии зарурӣ мебошад, ки барои нигоҳ доштани саломатии умумии бадан муҳиманд. Клетчаткаи дар таркиби хурмо мавҷудбуда ба ҳазми хӯрок кӯмак намуда, кори рӯдаҳоро ба низом медарорад ва қабзияти шикамро бартараф месозад.
  5. Хурмо аз калсий, магний ва фосфор бой буда, бемории остеопорозро пешгирӣ менамоянд.
  6. Оҳани дар таркиби хурмо вуҷуд дошта дар пешгирии камхунӣ (анемия) нақши муҳим мебозад. Он истеҳсоли ҳуҷайраҳои сурхи хунро бештар гардонида, гардиши оксигенро дар организм беҳтар мекунад.
  7. Шомил кардани хурмо ба ғизои субҳона боиси болида гаштани рӯҳи инсон гашта, стресс ва асабониятро аз байн мебарад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД