Arzon march 2024
7 фоидаи барги салат ба саломатӣ ва зебоии инсон
05.01.2025
ОИЛА.ТҶ
665

Барги салат барои халосӣ аз бехобӣ, захми меъда ва рехтани мӯй фоида дорад.

Дар таркиби барги салат В, Е, РР, К, А ва дигар витаминҳо мавҷуданд. Ин кабудӣ дорои кислотаи фолий мебошад, ки мубодилаи моддаҳоро танзим намуда, ба системаи асаб ва гардиши хун таъсири мусбат мерасонад.

Барои пешгирии атеросклероз ва хориҷ кардани холестерин аз организм барги салатро майда кунед ва бо шарбатҳои сабзавот омехта карда нӯшед.

Барои халосӣ аз гастрити музмин, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ҳар рӯз пеш аз хӯрок ду қошуқ барги кӯфтаи салатро бихӯред.

Дар ҳолати бехобӣ барги салати тару тозаро дар зарфи шишагӣ реза карда, як истакон оби ҷӯшон бирезед. Пас аз хунук шудан онро аз дока гузаронида, рӯзе се бор 100-граммӣ бинӯшед.

Барои рехтани мӯй барги салати кӯфтаро мисли ниқоб ба мӯй молед ва маҳс кунед. Тавсия дода мешавад, ки дар вақти маҳс оби барги салатро то ҳадди имкон дар решаи мӯй молед. Баъд сарро бо полиэтилен печонида, ним соат гузоред.

Барои пӯсти хушки рӯй ба даруни 2-3 барги калони салат равғани растании каме гарм молед ва ба рӯй гузоред. Баъди 15 дақиқа баргро гиред ва бо оби ширгарм рӯятонро шӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД