Sebiston new 2024 october
7 амале, ки занро ҷавон нигоҳ медоранд
03.04.2022
ОИЛА
1126
no-img

Ҳамарӯза иҷро намудани қоидаву амалҳои махсусзанро ҷисману руҳан солим нигоҳ медоранд. Зебову солим будан хоҳед, мувофиқи маслиҳатҳои зерин амал намоед.

Бо варзиш машғул шавед

Бонувоне, ки серҳаракатанд, бо машқи бадан, рақс ё бо варзишу фитнес машғуланд, на танҳо зебо, балки пур аз энерҷӣ ҳастанд. Варзиш мубодилаи моддаҳо ва гардиши хунро ба эътидол меорад. Вақтҳои холигӣ ба ҷойи дар бистари хоб ғел задан беҳтараш мусиқӣ монда, рақс ё машқи бадан кунед.

Китоб хонед

Майнаи сар яке аз муҳаррики асосии ҷисми инсон аст. Бештар китобҳои пурмазмун мутолиа намуда, мусиқии таскинбахш гӯш кунед, дар натиҷа фишори руҳиро рафъ ва солимии ҷисмониву равониро барқарор месозед.

Ба об асал илова кунед

Ҳамарӯза истеъмол намудани маҳсулоти дорои карбогидрадҳо (клетчатка) ва маҳсулоти ширӣ, инчунин меваву сабзиҷот муҷиби тоза шудани ҷисм гардида, онро бо витамину микроэлементҳо таъмин месозад. Ҳамарӯза субҳгоҳон нӯшидани оби ширгармро бо иловаи каме асали тоза фаромӯш накунед. Агар шумо шириниро дӯст намедошта бошед, ба об як пора лимӯ ва решаи имбир илова кунед. Мунтазам нӯшидани чунин об на танҳо ҷавониро бармегардонад, балки масунияти баданро мустаҳкам месозад.

Моҳӣ хӯред


Моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ сарчашмаи ҷавҳарҳои Омега-3 мебошанд, ки он барои солимии пӯст, мӯй ва ҳатто устухонҳо хеле муҳиманд. Бо ҳамин сабаб мунтазам моҳӣ истеъмол кардан лозим аст.

Зардчӯба илова кунед

Адвияву воситаҳои хуштамъкунандае, ки ба хӯроку хӯришҳои мо ҳамарӯза илова карда мешаванд, дар баробари хуштамъ кардани ғизо боз хусусияти фоидабахш низ доранд. Адвияи беҳтарине, ки раванди пириро ба таъхир мегузорад, ин зардчӯба мебошад, онро пайваста истеъмол кардан лозим аст. Каме зардчӯбаро дар як пиёла шири гарм омехта намуда, ба ҷои чой истеъмол намоед.

Ба пӯст ғизо диҳед
Ҷавониву солимии пӯст аз тарзи нигоҳубини дуруст вобастагӣ дорад. Дар баробари он ки пӯсти рӯйро нигоҳубин мекунед, пӯсти дасту гарданро низ фаромӯш накунед. Дуруст тоза кардану нармсозӣ ва маҳси таскинбахш боиси ботароват гаштану рафъ гардидани ожангҳо мегардад.

Ҳавои тоза
Фоидае, ки аз сайругашти мунтазам дар ҳавои тоза инсон барои ҷисми худ мегирад, баробар аст ба машқҳои варзишӣ. Ҳар лаҳзаи бекории худ дар кӯчаҳо, боғҳо ва лаби дарё пиёда гаштугузор намоед. Ҳангоми пиёдагардӣ оксиген ба ҳуҷайраҳои ҷисм хубтар ворид гашта, нерӯи инсон зиёдтар мегардад. Сурхии рухсора, ки аз ҳавои тоза пайдо мешавад, занро нисбатан ҷавон нишон медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД