Дар вилояти Суғд 60 нафар занони ҳунарманд соҳиби гранти Раиси вилоят гаштанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) барои 60 нафар занон гранти Раиси вилояти Суғд, аз ҷумла 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба комиссияи грантҳои Раиси вилояти Суғд 138 лоиҳаи дархостӣ барои рушди ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, армуғонсозӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, гулпарварӣ ва амсоли инҳо пешниҳод шуд. Тибқи лоиҳа, зиёда аз 550 нафар занон бо кору омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Бо иқдом ва дастгириҳои Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд рушд меёбанд. Ҳоло 288 маркази ҳунармандӣ, аз ҷумла 108 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва 180 маркази намудҳои дигари ҳунарҳо фаъолият доранд. Дар марказҳои таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ 30 ҳазору 837 нафар занону духтарони хонанишин ба ҳунармандӣ ҷалб шудаанд. Дар вилоят 40 коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият менамояд, ки ба амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамоянд.