Commerc banl
6 муштзани тоҷик дар мусобиқае дар Қазоқистон иштирок мекунанд
06.03.2026
Oila.tj
89

Муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи анъанавии байналмилалии бокс байни ҷавонон барои гиромидошти хотираи қаҳрамони ҶШС Манарбек Ихсанов дар шаҳри Остонаи Қазоқистон иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Тоҷикистонро дар мусобиқа 6 муштзан - Дилшод Сиҷаев (44 кг), Анӯшервон Сидиқов (46 кг), Фирӯзҷон Бойматов (48 кг), Беҳрӯз Умаров (54 кг), Беҳрӯз Охунов (57 кг) ва Акбар Абдуллоев (60 кг) намояндагӣ мекунанд. Мураббӣ Саидхоҷа Мамуров дар ин мусобиқа роҳнамои ҳайати бокси Тоҷикистон аст. Довари тоҷик Акмал Амирзода дар мусобиқа ҳакамӣ мекунад.

Мусобиқа то 9-уми марти соли 2026 дар Маҷмааи варзишии “Beeline Arena”-и шаҳри Остона баргузор мешавад. Дар мусобиқа муштзанҳои соли таваллуди 2010/11 дар вазнҳои 44 кг, 46 кг, 48 кг, 50 кг, 52 кг, 54 кг, 57 кг, 60 кг, 63 кг, 66 кг, 70 кг, 75 кг, 80 кг ва +80 кг ширкат меварзанд.

Дар мусобиқа 300 муштзани ҷавон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва 20 минтақаи Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Маблағи умумии ҷоизаи мусобиқа 7 000 000 (ҳафт миллион) танга буда, пурра аз ҳисоби сарпарастӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ташкилкунандагони мусобиқа барои ғолибон ҷоизаи 200 000 танга ва смартфони iPhone 17 пешниҳод кардаанд. Барандаи медали нуқра 100 000 танга ва барандаи медали биринҷӣ 50 000 танга мегиранд.

Мураббиёни ғолиб низ 100 000 танга ва туҳфаҳои хотиравӣ мегиранд.

Ҳамчунин, беҳтаринҳои мусобиқа бо ҷоизаҳои махсус - "Беҳтарин муштзан", "Беҳтарин техника", "Иродаи ғолибият", "Беҳтарин довар" ва "Камарбанди қаҳрамонӣ" барои ғолибон дар ҳар як вазн тақдим карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи Манарбек Ихсанов дар Қазоқистон муштзанони ҷавони тоҷик ба гирифтани 6 медал - 2 тило ва 4 биринҷӣ ноил гардиданд. Беҳрӯз Умаров (48 кг) ва Амир Нозимов (75 кг) соҳиби медалҳои тило ва Фирӯзҷон Бойматов (44 кг), Беҳрӯз Охунов (46 кг), Акбарҷон Абдуллоев (57 кг), Ҷаҳонгир Рӯзибоев (80 кг) барандагони нишонҳои биринҷӣ шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД