Arzon march 2024
6-маслиҳати муфид барои тозагии хона
29.01.2022
ОИЛА
1882

Тартибот дар яхдон
Дар яхдонишумобароинигоҳубини маҳсулоти нав ҷой нест? Чанд қуттичаи пластикиро барои нигоҳубини хӯрок харидорӣ намуда, шумо на танҳо ҷойро васеътар месозед, балки тоза кардани дохили яхдон бароятон осон мегардад.
Либосқапак ёрдамчии беминнат
Либосқапак ҳангоми таъмири хона чизи даркорӣ аст. Бо истифода аз он мехчаро дар ҷои даркорӣ нигоҳ дошта, ангуштони худро аз зарбхӯрӣ ҳифз мекунед. Бигзор таъмир бехатар шавад.
Рангҳоро тоза кунед
Барои он ки баъди таъмир дастонатон пур аз ранг нашаванд, қаблан малҳами дастро молед. Рангҳои дар девор, дар, мебел ва либос гузошташударо баъд аз таъмир бо истифода аз сирко тоза кунед.
Равғани кӯдакона барои тозакунии таҷҳизот
Хонаву дари худро тоза кардан мехоҳед? Равғани кӯдаконаро барои тозаву озода кардани таҷҳизоти аз хром сохташуда ба кор баред. Каме равғани мазкурро бо латта гирифта, асбобҳои хромиро тоза кунед.
Дарзмолро бо намак тоза кунед
Дарзмолро бо намак тоза кардан мумкин аст. Бо ин мақсад ба дарзмол коғазро тунук карда, баъдан намак пошед. Акнун дарзмолро ба қувваи барқ пайваст намуда, бо осонӣ ифлосиҳояшро тоза кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД