"Барқи тоҷик" аз ошкорсозии беш аз 26 ҳазор ҳолати "дуздӣ"-и барқ дар кишвар хабар додааст. Тавре ки роҳбарони ин идора дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтанд, ҷаримаи барои дуздии барқ баста шуда тақрибан 55 миллион сомониро ташвил медиҳад...
Дар давоми 12 моҳи соли 2021 дар кишвар зиёда аз 26181 ҳолати ғайри қонунӣ истифода шудани нерӯи барқ ошкор шудааст. Ин нуктаро масъулини “Барқи тоҷик” зимни инишасти матбуотӣ баён намуданд. Ба иттилои ин ниҳод ҳаҷми барқи ғайри қонунӣ истифодашуда дар ин давра зиёда аз 148,9 млн. кВт-соатро ташкил дода, вобаста ба ҳолатҳои дуздии барқ санадҳои дахлдор ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ тартиб дода шудаанд. Аз ин ҳисоб аллакай зиёда аз 32,2 миллион сомонӣ ба буҷа ворид карда шудааст.