Арабистони Саудӣ барои фаъолияти босамари озмоишгоҳҳо (лабораторӣ), назорати беморон, ҳолатҳои фавқулода ва тамосҳо, бештар кардани қувваи корӣ дар самти тандурустӣ ва дигар паҳлуҳо 50 миллион доллар ҷудо кардааст.
Ин нуқтаро вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Файсал ибни Фарҳон ба намояндагӣ аз Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Валиаҳд Раиси Шурои вазирони Арабистони Саудӣ дар саммити Гурӯҳи 20 (G20) иброз доштааст. Номбурда, илова кардааст, ки ин маблағ ба “Фонди Пандемия”, ки ҳамчун фонди миёнаравии молиявии бехатарии саломатӣ фаъолият мекунад, гузаронида шуд.
Дар чорабиние, ки дар он роҳбарони кишварҳои гурӯҳи мазкур (G20) иштирок доштанд, таъсиси Фонди миёнаравии молиявии бехатарии саломатиро дастгирӣ намудаанд. Мақсад аз таъсис додани ин Фонд маблағгузорӣ ба кишварҳо ва минтақаҳое, ки сатҳи иқтисодиашон миёна ва паст аст, мебошад, ки он барои омодагӣ ва пешгирии вабои ҳамагир, хариди доруҳои тиббӣ ва чорабиниҳои назоратӣ дар минтақа ва ҷаҳон равона мегардад.