Arzon march 2024
5 роҳи табобати пӯсти рӯй дар шароити хона
594

Аксари хонумҳо гумон мекунанд, ки зебоӣ ба косметика вобастагӣ дорад ва ба хотири зеботар шудан, рангубори бисёри кимиёвиро ба чашму рӯяшон молида, пӯсти худро хушку пажмурда мегардонанд. Хоҳед чеҳраи шумо ба назар ҷавон, зебо ва пуртароват намояд, қабл аз ҳама бояд пӯстатонро тоза кунед. Имрӯз мо чанд роҳи осони тоза кардани пӯстро дар шароити хона манзури шумо - хонумҳои гиромӣ месозем.

  1. Пеш аз ҳама гуна амалиёти поксозӣ аввал рӯй ва дастонро тоза шустан лозим аст, то ягон инфексия ба пӯсти шумо роҳ наёбад.
  2. Агар пӯсти рӯятон шамол кашида, дар он доначаҳои сурх пайдо шуда бошанд, ба ҳеҷ ваҷҳ онро тоза кардан мумкин нест.
  3. Беҳтараш поксозии рӯйро бегоҳӣ, қабл аз хоб ба анҷом расонед, то ки сурхии пӯст то субҳ рафъ гардад. Дар зарфе обро ҷӯшонида, рӯятонро дар бӯғи он нигоҳ доред. Саратонро дар ин вақт бо сачоқ печонед. Барои фоидаи бештар дидан ба оби ҷӯшон гиёҳи бобуна ва пудина илова кардан мумкин аст. Бобуна илтиҳобро табобат мекунаду пудина бар замми бӯйи хушаш бактерияҳоро мекушад. Баъди 15 дақиқа сӯрохиҳои пӯст васеъ мешаванд, он гоҳ метавонед бемалол ифлосиҳои дар пӯст ҷойгирифтаро тоза кунед.
  4. Дастатонро бо спирт тоза кунед, пасон докачаеро дар маҳлули сефоизаи перекиси водород тар карда, бо ангушти ишоратӣ сиёҳиҳои хурдакаки пӯстатонро аз ду тараф зер намоед - ифлосӣ бояд аз сӯрохии он барояд. Пӯстро бо нохун зер накунед, вагарна пай мемонад. Кӯшиш намоед, ки ифлосиҳои дар сӯрохиҳои хурди пӯст дармондаро танҳо бо болиштаки ангуштон зер карда бароред. Хубтар мешуд, агар ба ангуштатон дока ё пахта печонед, то ки ба пӯст инфексия ворид нагардад.
  5. Воситаҳои дигари тозакунӣ низ вуҷуд доранд. Яке аз ин воситаҳо ниқоб - скраби намакин аст. Онро ҳафтае як бор ё баробари ифлос шудани пӯст истифода бурдан мумкин аст. Аввал гел ё шира (молочко)-и рӯйшӯиро мағзоба карда ба рӯятон молед, сипас миқдори баробари намаки хурд ва содаро омезиш дода, ба рӯятон мемолед. Ҳангоми маҳскунон молидани ин скраб ба ҷойҳои сиёҳшудаи пӯст диққати бештар диҳед. Ниқоби мазкурро дар рӯй ҳамагӣ 5-10 дақиқа нигоҳ доред, кофист. Дар ин вақт халазании пӯстро эҳсос мекунед. Натарсед, ин таъсири сода ба пӯст мебошад. 10 дақиқа пас рӯятонро бо оби гарм шӯста, тоник молед. Амалиётро баъди ду рӯз такрор кардан мумкин аст.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД